БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2025

Санаи 15 -уми октябр дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар вилоят Тоҷиддин Насриддинов, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони кумитаи маҳал, имомхатибон ва сардорони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Нахуст муовини Раиси ноҳия Абдуллоҷон Наврӯззода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи соли 2025 ҳисобот дода, иброз дошт, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 бо қарори Раиси ноҳия аз 30-юми июни соли 2020, №117 таҳия гардида, он дар иҷлосияи чорум даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-юми декабри соли 2020, №78 тасдиқ гардидааст.

Барнома аз 101 лоиҳа иборат буда, маблағи он 78 миллиону 873,9 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 90 миллиону 373,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи умумӣ (78 миллиону 873,9 ҳазор сомонӣ) 114,6 фисад таъмин гардид.

Корҳои иҷрогардида аз ҳисоби буҷет ба маблағи 48 миллиону 177,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 4 миллиону 582 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии шарикони рушд 37 миллиону 613,5 ҳазор сомонӣ мебошад. Айни ҳол дар доираи барнома 66 лоиҳа ба маблағи 77 миллиону 620,5 ҳазор сомонӣ корҳо пурра ба сомон расонида шуда, дар 32 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 952,6 ҳазор сомонӣ корҳо идома доранд.

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 9 миллиону 369 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 11 миллиону 798,6 ҳазор сомонӣ таъмин шудааст, ки ин рақам аз нақша 2 миллиону 429,6 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 125,9 фоиз таъмин гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо такя аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат–саноатикунонии босуръат чораҳои амалиро андешида омада истодаанд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 48 миллиону 777,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 817,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаи энергетика, бахусус бобати баҳисобгирии истеҳсол, истифодаи нерӯи барқ, кам кардани талафот, истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд. Дар нӯҳ моҳи соли 2025 ҳисобгиракҳои электронии каммасраф 810 адад насб гардидааст, ки дар сарфаи нерӯи барқ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2025 ба ноҳия 5 миллиону 908,5 ҳазор квт/соат қувваи барқ қабул шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 584,5 ҳазор квт/соат кам мебошад. Дар ин давра 4 миллиону 110,4 ҳазор квт нерӯи барқ истифода шуда, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 145,6 ҳазор квт/соат кам мебошад. Маблағи ҳисобидашудаи барқ 1 миллиону 618,7 ҳазор сомонӣ ва ҷамъоварӣ бошад, 1 миллиону 356,9 ҳазор сомониро ташкил намуд. Талафоти нерӯи барқ дар давоми соли равон дар ноҳия 30,2 фоизро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз кам мебошад.

Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 300 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. Инчунин, 149 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд.

Кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ватани азизамон буда, рушди он дар ноҳия хеле тараққӣ карда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 490 миллиону 448,8 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 миллиону 782,9 ҳазор сомонӣ ё 110,8 фисад афзудааст.

Маориф омили асосии рушди давлату миллат ба шумор рафта, барои босавод намудани насли ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ тадбирҳои ҳамешагӣ андешида, масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси ноҳия тадбирҳои иловагиро андешида истодаанд.

Дар асоси дастуру вазифагузориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, имрӯзҳо дар ноҳия ба рушди соҳаи маориф диққати аввалидараҷа дода шуда, сатҳу сифати таълиму тарбия куллан беҳ гардида истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри таъмин намудани солимии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои мушаххасро дар давраи ҳисоботӣ андешид.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ мунтазам зиёд гардида, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти ҳозиразамон, кадрҳои соҳавӣ сол аз сол хуб гардида истодааст.

Ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеа буда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, болоравии ҳисси милии онҳо нақш ва мақоми ҷавонон дар асоси ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ҷойгоҳи муайян ва пеш қадамро доро мебошад.

Ҷавонони ноҳия нисбат ба Ватани азизи худ меҳру муҳаббати самимӣ дошта, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ҷонибдор мебошанд.

Баҳри дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071, иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 2-юми сентябри соли 2025, №218, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1998-2007”, қарори Раиси ноҳия аз 5-уми сентябри соли 2025, №138 ба тасвиб расонида шудааст. Дар давраи даъвати тирамоҳӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус ва ихтиёриён нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, ки 37 нафарро дар бар мегирифт, дар рӯзи аввал 31 нафар сафарбар гардиданд.

Нақша пеш аз мӯҳлат таъмин карда мешавад. Дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва 51 кумитаи маҳал мунтазам ба роҳ монда шуд, ки натиҷаи самарабахши он дар таъмини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ гузошт. Бо ин мақсад ва барои дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия 29 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолии ноҳия чораҳои ҳамешагӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Падрох, Падаск, Роғ, Худгифи боло, Пакшиф, Самҷон ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ хатҳои оби полезӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.

Дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия дар мадди аввал гузошта шуда, ин омил рӯз аз рӯз ба баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолӣ заминаҳои боэътимодро ба миён оварда истодааст. Баҳри тақвият бахшидан ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ноҳия, бахусус, ҷавонон оид ба пешгирии содиршавии ҷиноят, таълимоти ғайрирасмии динӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ аз ҳисоби фаъолон, зиёиён, шахсони барӯманд, кормандони ҳамаи зинаи соҳаи хизмати давлатӣ 37 гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳар моҳ бо аҳолии ноҳия вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ якҷо бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳиябуда пайваста корҳои амалӣ ба роҳ монда шуда истодаанд. Хушбахтона, дар давраи пешниҳоди ҳисобот чунин намуди ҷиноятҳо дар ноҳия ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 343 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 341 адад муроҷиати хаттӣ ва 2 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 адад ворид шудааст, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 адад, 47 адад оиди қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 86 адад оиди таъмин гардидан бо шаҳодатнома, 18 адад оиди сохтмон, 31 адад оиди ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 10 адад оид ба ташкили хоҷагии ёрирасон, 20 адад оиди расонидани кӯмаки моддӣ, 4 адад оид ба навбат гузоштан ба сафари Ҳаҷ, 2 адад оиди қабули иншоот, 113 адад оиди дигар масъалаҳо мебошанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 86 адад қонеъ гардида, 3 адад муроҷиат рад карда шуда, 221 адад фаҳмонида шуда ва 33 адад дар баррасӣ қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки 3 адад муроҷиати радгардида барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, ҳангоми баррасӣ бинобар эҳтиёҷманд набудан рад карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин замина қарори Раиси ноҳия аз 28-уми феврали соли 2022, №53 ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он нақша-чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободӣ ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад, таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Фаъолият дар ин раванд зери назорат қарор дода шудааст. Рӯз аз рӯз вусъати корҳои сохтмонӣ босуръат ва бо сифати баланд ҷараён доранд. Тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша-чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ 99 адади он сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 86 фисадро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 23 банд нақша-чорабинӣ тибқи нақша бояд ба иҷро расонида шаванд, ки фаъолият зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад. Аз рӯи нақшаҳои солона дар ин самт иҷроиш таъмин карда шуд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаи кишвари азизамон дар асоси супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии ноҳия бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ, боз ҳам таҳким ёфтани нуфузу эътибори кишвари ободу осудаамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо шукргузорӣ аз Ватани ободу орому осуда, тараққикарда, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар барои бо натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидан ва таъмини зиндагии осоишта фаъолиятро дар давоми соли равон дар сатҳи хуб ба роҳ мемонанд.

Пас аз шунидани ҳисоботи муфассал аз ҷониби Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода масъулини чанде аз бахшу шуъбаҳо оид ба фаъолияти кориашон дар 9 моҳи соли 2025 пурсиш ба амал оварда шуда, ба масъулин оиди бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушахас дода шуд.

Ҳамчунин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷиддин Насриддинов доир ба рафти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ баромад намуда, иброз дошт, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар самти таъмини озуқавории кишвар ва махсусан вилоят саҳми назаррас дошта, дар парвариш ва истеҳсоли картошка ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Ин аз заҳматҳои шабонарӯзии мардуми ин минтақа аст ва барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти сокинон дар оянда низ корбарӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як сокини мамлакат барои ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Дар охир аз ҷониби Раиси ноҳия дастур оид ба ҷалби мутахассисони лаёқатманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо, иҷрои саривақтии нақшаи ободонӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, сафарбаркунии аҳолӣ барои ҷамъоварии беталафи ҳосил дода шуда, аз ҳамаи масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия кор баранд.

«Паёми кӯҳистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *