ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Дар партави сиёсати хирадмандона, ташаббускорона, созанда ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосир дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ бунёди якчанд муассисаҳои таълимӣ бомаром ҷараён дошта, ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд. Пешрафти соҳаи маориф дар мадди аввали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шахсан Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода қарор дошта, ҳамасола шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити таълим хуб ба роҳ монда шудааст. Айни замон бунёди муассисахои нави таълимӣ дар ноҳия бомаром идома дорад.
Санаи 8-уми октябри соли 2025 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муассисаҳои таълимӣ, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд, дидан намуда, бо сохтмончиён сӯҳбату мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешрафти маориф дар кишвар ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ дар як ноҳияи дурдаст ва ҳамасола беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ҳама аз шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф мебошад.
Ҳангоми боздид Раиси ноҳия ба сохтмончиён дастур дод, корҳои сохтмониро ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар ноҳия 35 муассисаи таълимӣ, аз он 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5849 нафар хонанда, аз ҷумла 2863 нафар духтар фаъолият дошта, дар оянда бунёди муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.


