НУРИ МАЪРИФАТ, РОҲНАМОИ ҲАЁТ ВА МЕЪМОРИ ҶОМЕА
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳия
Санаи 3-юми октябри соли равон дар толори муассисаи таълимии №36 бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия номаи шодбошии Раиси ноҳияро ба ҳозирин қироат намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2025 қайд намуданд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Таҳлили таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи илму маориф ва ғанигардонии маънавиёти ҷомеа, алахусус таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хоса равона намуда, ҷиҳати таҷдид ва пешрафти соҳаи маориф ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар ин замина ҳоло наздик ба 60 дарсади буҷети маҳаллӣ барои таъмини рушди соҳаи маориф равона шуда, дар маҷмӯъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 22 маротиба баланд бардошта, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 30 фоиз зиёд гардид. Нақшу мақоми омӯзгорон дар тарбияи насли ояндасози кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа дар мадди аввал қарор дорад. Зеро касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа мебошад. Устод ба инсон роҳу равиши зиндагӣ, эҷодкорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзонад.
Дар идома вобаста ба аҳамияти бузурги забони модарӣ ҳамчун омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буд, ки яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.
Дар ин чорабинии идона чанде аз собиқадорону омӯзгорони фаъолу бомасъулият барои саҳми арзнда дар рушди маорифи ноҳия ва фаъолияти пурсамар бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аҳли ҳунари ноҳия бо сароидани суруду таронаҳои дилошуб, ки саршор аз тараннумгари васфи Ватан, забон ва омӯзгор буданд, пешкаш намуда, чорабиниро гуворо намуданд.


