АРЗИШИ МУҚАДДАСИ МИЛЛАТ
Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Хайрулло Бобозода ба ифтихори Рӯзи забони давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди ноҳия!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил мешавад.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ҳамасола ин сана дар кишварамон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил мешавад.
Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буд, ки яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид намуда буданд, ки: «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла, дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардиданд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид».
Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз натанҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад. Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст.
Барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нӯҳуми мелод оғоз меёбад, аз оғози ташаккулаш ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардуми ин қаламрави бузург қарор гирифтааст.
Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Бигзор партави маънавии забони тоҷикӣ ҳамеша роҳи зиндагии моро равшан созад ва ба ваҳдату пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.
Бори дигар ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ сидқан табрику таҳният гуфта, барору комёбиҳоятонро дар роҳи гиромидошти ин мероси ҷовидонаи ниёкон орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

