ШАМЪЕ, КИ МЕСӮЗАД, ТО БИСОЗАД

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Муҳтарам устодону собиқадорон ва кулли омӯзгорони ноҳия!

Омӯзгор нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, минбаъд низ дар тарбияи насли ояндасоз, худогоҳ ва ватандӯст дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши илму маориф дар ташаккули ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин таъкид намудаанд: “Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”.

Баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имруза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷлили хуршед аст.

Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзонад.

Дар ноҳия 36 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 6267 нафар хонанда ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 400 адад компютер, 80 адад принтер, 15 адад проектор, 15 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад.

Соли равон 302 нафар хонанда муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 19 нафар тибқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардида, 224 нафар ба маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супориданд.

Омӯзгорони азиз! Ҳамаи шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огоҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин ҳадаф ба шумо, омӯзгорон, пирӯзиву комёбиҳо орзу менамоям. Умед дорам, ки шумо, омӯзгорону устодон, рисолати хешро минбаъд низ софдилона ва содиқона ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми муносиб мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба Рӯзи омӯзгорон табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори хушу босаодатро орзу менамоям.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *