БА ХИЗМАТИ ВАТАН ҲАМЕША ОМОДАЕМ!
Санаи 1-уми октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.
Дар ин рӯз ҷовонони синни даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида буданд, бо баргузории роҳпаймоӣ ва бо шиорҳои «Хизмат ба Ватан шараф ва номуси мост», «Барои Ватан содиқона хизмат менамоем» ба толори маҷлисгоҳ ҳозир шуданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, падарону модарон ва худи наваскарон иштирок намуданд.
Нахуст Раиси ноҳия миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба наваскарон ва падару модарони онҳо барои ҷалби фарзандонашон ба сафи артиш расонида, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат пайваста барои рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро андешида истодааст, ки бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ зиёд гардидааст.
Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, нақшаи пешбинигардидаи ноҳия чун чун анъанаи чанд соли охир ба пуррагӣ иҷро гардида, ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нафароне, ки дар ин маъракаи муҳим саҳми арзандаи худро гузоштанд, инчунин падару модароне, ки фарзандонашон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардиданд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардонида шуданд.
Дар фарҷом ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.


