ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Имрӯз санаи 27-уми июни соли 2025 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раҳмонзода Султон Раҳмон, мудирони шӯъбаю бахшҳои ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа, ҷавонон инчунин сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Пас аз садо додани суруди миллӣ, нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни суханронӣ ҳозирин ва кулли сокинони сарбаланди ноҳияро бо 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, аз нақши барҷастаи Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳаёти босаодати мардуми кишвар ва хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти мамлакат ёдовари намуд. Ҳамчунин иброз дошт, ки имрузҳо Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфта, масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва ҳифз мекунанд. Зеро Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик аст, ки пояи сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва рушди устувори кишварро таъмин намуд.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Раҳмон паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо таъмини субот, балки омили пешрафти давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум гардид.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор шахсони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон, кормандони соҳаҳои тиб, фарҳанг, ҷавонон ва дигар шахсони саҳмгузор дар рушди ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи ҷолибу пурмазмуни кормандони бахши фарҳанг идома ёфта аҳли ҳунар бо суруду таронаҳои дилошӯб таъби ҳозиринро болида намуданд
Паёми Кӯҳистон

