ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари  минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, вазъи имрӯзаи баъзе аз ҷавонон ва гурӯҳҳои экстремисти ва террористӣ мебошад. Мафҳуми асосии терроризм ва экстремизм ин аст,  ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ мебошад.  Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад» ва ин чунин  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».Имрӯзҳо аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад Терроризми имрӯза бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд.Пешгири накардани роҳи ин хатари номатлуби умумиҷаҳонӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст.  Моро лозими аст, ки дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон барем. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динии байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

Қозизода Ҳикматулло. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрхои  дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *