Баргузории Фестивали “Саводнокии молиявӣ”

Бо мақсади фарогири бештари аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии рақами, сатҳи огоҳӣ ва маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногун ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ”, ки аз 22 июни соли 2023, таҳти 586 ба имзо расидааст, санаи 18-уми июни соли 2025 Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ташаббуси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки васеи намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ Фестивали “Саводнокии молиявӣ”баргузор гардид.

Дар Фестивали мазкур Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳия бо ҳайати меҳмонон аз намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба муаррифӣ гузошта шуда буданд, дидан намуданд.

Баъдан бо иштироки меҳмонон дар толори маҷлисгоҳ Фестивал баргузор гардид.

Раиси ноҳия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории Фестивали мазкур нишони равшани татбиқи ҳадафҳои созандаи “Стратегияи миллии фарогири молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” буда, он барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.Ва дар шароити кунунӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини саодати рӯзгор ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз худ кардан, донистан ва татбиқи донишҳои молиявӣ, ки дар маҷмуъ саводнокии молиявиро ташкил медиҳад, аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст. Ҳамчунин раиси ноҳия аз багузории чунин фестивал дар ноҳияи дурдаст изҳори қаноатманди намуда иброз дошт, ки айни замон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ танҳо филиали Амонатбонк фаъолият бурда истодааст. Баргузории чунин фестивал имкон фароҳам меорад,ки мардуми кӯҳистон ба фаъолияти дигар бонкҳо шинос гардида дар оянда ҳамкориро ба роҳ монанд.

Муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева зимни суханронӣ таъкид дошт, ки баргузории Фестивали “Саводнокии молиявӣ” иқдоми шоиставу саривақтӣ буда, он ба ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Дар идомаи фестивал корманди шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Улуғбек Ҳасанов, дар мавзӯи «Моҳият ва бартариятҳои пардохти ғайринақдӣ» ва роҳбари филиали ҶСК “Алиф Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, Ҷӯраев Сорбон дар мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ» ҳамчунин аз ҷониби устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзӯи «Ҷанбаҳои раврниву рафтории идоакунии молияи хусусӣ » баромад намуда вобаста ба мавзуъҳои бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ, ҷанбаҳои равониву рафтории идоракунии молияи хусусӣ, ҳамчунин тавсеаи инфрасохтори пардохт, аҳамият, манфиат ва фишангҳои молиявӣ, қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он маърӯза намуда, таҷрибаҳои хешро дар ин самт баён доштанд.

Дар ҷараёни баргузории фестивал ба нафарони фаъол, ки ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд, аз ҷониби ташкилотҳои карзии молиявӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар охир аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони Искандар Қаландаров бо суруду таронаҳои дилошӯб таъби ҳозиринро болида намуд.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *