ТАҶЛИЛИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ
Имрӯз санаи 28 уми майи соли 2025 бахшида ба 31-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0203, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лангар, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, кормандони сохторҳои қудрати, афсарону сарбозони қисми низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Нахуст Раиси ноҳия афсарону сарбозонро ба муносибати таҷлили Иди сарҳадбонон табрик намуда аз ҷасорату мардонагӣ ва заҳматҳои шабонарӯзиашон баҳри ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан ва орому осоиштагии мардум ёдовар шуда иброз дошт, ки «Давлату ҳукумат хидматҳои фарзандони содиқ ва бо нангу номусро, ки дар таъмину осоишу амнияти мардум ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи афсарону сарбозони ҷоннисор намударо қадрдонӣ менамояд ва ҷовидон пос медорад.»
Сипас дар фазои тантанавӣ ба як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва афсарону сарбозони фаъол унвони фахрии «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ» ва ифтихорномаҳо супорида шуд .
Ҳамчун баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби ҳофизону ҳунармандони ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки таърихи ташкили қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мураккаб аст. Ташаккули қӯшунҳои сарҳадӣ дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсӣ сурат мегирифт. Ин сохтор дар солҳои душвори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ташкил ёфт. Моҳи ноябри соли 1992 бо қарори иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар назди Кумитаи амнияти миллӣ бригадаи махсуси сарҳадӣ ташкил ёфта, баъди даҳ рӯз бо қарори Ҳайати раисаи Шӯрои Олӣ дар таркиби кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадот таъсис ёфта Дар оғоз Сарҳадчиёни тоҷик ҳифзи марзро якҷоя бо сарҳадбонони Русия анҷом медоданд, ҳоло бошад сарҳадҳои давлатии Тоҷикистони мустақилро худи сарҳадчиёни тоҷик посбонӣ мекунанд.


