РОҲПАЙМОИ ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!» БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
24 майи соли 2025 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки Меҳрон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» роҳпаймоӣ бо иштироки ҷавонони муассисаву ташкилотҳо, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси ноҳия, хонандагон ва ҷавонону наврасон инчунин сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар баргузории роҳпаймоӣ ҷавонон бо овезаву парчамҳои идона зери шиорҳои “Пайравони асили Пешвои миллатем”, “Тоҷикистон ба пеш!”, “Ҷавонони созандаи миллатем” “Поянда бод ҷавонӣ”, «Бо Пешвои миллат ифтихор мекунем”, “Поянда бод Тоҷикистон”, бо шавқу шӯри ҷавонӣ, бо ифтихор аз давлати озоду обод иштирок намуданд.


