ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ
Санаи 24-уми майи соли 2025 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон гуруҳе аз ҷавонону фаъолони ноҳия ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд. Сипас дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо иштироки раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, масъулин ва ҷавонону фаъолон баргузор гардид. Нахуст Раиси ноҳия кули ҷавонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда иброз дошт, ки ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рўзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад, зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз Шумо насли ояндасози кишвар умеди калон дорем. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд», «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дўш хоҳанд гирифт».
Қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони Истиқлоли давлатӣ таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омўзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош менамоянд. Ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳаргиз фаромуш накунанд дар назди ҷомеаи мо масъалаҳое, қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин то рафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ аз ҷавонон пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рўз ба рўз баланд мебардорад. Сипас Дар фазои тантанавӣ ба як қатор ҷавонони фаъол ва сокинони касбу кори гуногун, инчунин ғолибони даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани мабуби ман » сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла футбол, волейбол гуштини миллӣ инчунин Дави миллӣ ва веломарафон дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони касбу кори гуногун баргузор гардида дар рӯзи таҷлили Иди Ҷавонон аз ҷониби Раиси ноҳия ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилошӯб таъби ҳозиринро болида намуданд.
«ПАЕМИ КӮҲИСТОН


