ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Ҳамдиёрони азиз!

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои мубрам ва ҳаётан муҳими сайёра ба ҳайси кишвари пешсаф эътироф гардидааст. Дар ин лаҳзаҳои басо фараҳбахш Рӯзи ҷаҳонии футболро ба тамоми мардуми сарбаланду варзишдӯсти ноҳия самимона шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъи, рӯҳияи шикастнопазиру самимияти ватандориро таманно дорам.

Варзиш яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни инсонҳо, ҳамзамон муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 уми декабри соли 2024 чунин таъкид намудаанд: «Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Шоистаи ифтихор ва сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 дар муроҷиат ба Созмони Миллали Муттаҳид, аз ҷумла иброз намуданд: » Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбудии саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра беш аз 150 сол аст, ки ба бозии футбол машғул мебошанд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ҳам бошад ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст «.

Бо назардошти ин муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Миллали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол » расман эълон карда шавад.

7-уми  майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатънома қабул намуд. Ҳамин тариқ ҷомеаи ҷаҳонӣ нахустин Президенти Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ташаббуси шашуми сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол мавриди қабул қарор дод.

Маҳз бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2024, барои ҳар як шаҳрванди кишварамон мояи ифтихори баланди ватансозиву ватандорӣ мебошад.

Қабул гардидани ин пешниҳод бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон миллати ташаббускор, пешоҳанг, соҳибтамаддун, бомаърифат, бунёдгару созанда, ҷонибдори сулҳу субот ва осоишу оромӣ дар саросари олам мебошанд.

Бори дигар кули сокинони сарбаланд ва саодатманди ноҳияро ба ин руйдоди муҳими таърихӣ, Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрику таҳният гуфта орзумандам, ки футбол воситаи ваҳдат, дӯстӣ ва рушди ҷомеаи мо бошад.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамдиёрони  азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *