НОМАИ ШОДБОШИИ Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони саодатманду сарбаланди ноҳия!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳими таърихии кишвари азизамон мебошад, самимона шодбош мегуям.
Мехоҳам бо қаноатманди иброз намоям, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.
Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рўзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад, зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз Шумо насли ояндасози кишвар умеди калон дорем.
Боиси ифтихор аст, ки ҳиссӣ ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо то рафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ сол аз сол тақвият меёбад. Қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони Истиқлоли давлатӣ таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омўзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош менамоянд.
Рушд додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерўманду тавоно мегардад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд», «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дўш хоҳанд гирифт».
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳиссӣ баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерўи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳаргиз фаромуш накунанд дар назди ҷомеаи мо масъалаҳое, қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин то рафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ аз ҷавонон пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рўз ба рўз баланд мебардорад.
Ҷавонони мо дар мусобиқаҳои варзишии дохилию берунӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардида истодаанд.
Дар қатори дигар сокинони кишвар моро зарур аст, ки баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебо намудани ноҳияамон аз ҳарвақта дида бештар талошу заҳмат намуда дар Партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, сарҷамъу муттаҳид бошем.
Дар охир бори дигар ба ҳамаи ҷавонони бо нангу номуси ноҳия ва кулли мардуми шарифи ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракати рўзгор, азму иродаи қавиро орзу менамоям.
Рўзи ҷавонон муборак,
ҳамдиёрони азиз!

