ОФАТИ ТАБИӢ БА ДЕҲАИ ҒАЗ ЗАРАР ОВАРД
Санаҳои 28 ва 29-уми апрели соли 2025 дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво, якбора обшавии барф ва боридани борон дар деҳаи Ғаз, Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳия ҳодисаи табиӣ сар зад. Дар натиҷаи омадани сел чанде аз хонаҳои сокинон, биноҳои ёрирасон ва заминҳои корам зарар диданд.
Аз лаҳзаи сар задани офати табиӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳбарии Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ситоди кории доимӣ таъсис дода шуда, корҳои бартараф намудани офати табиӣ идома дорад.
Хушбахтона, аз ин офати табиӣ зарари ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, бошандагони деҳа дар ҷои амн қарор доранд. Аз ҷониби комиссия зарари расида муайян карда мешавад.

