ВОХӮРИИ РАИСОН БО ДОНИШҶӮЁН
Санаи 18-уми апрели соли равон дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раисони шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо донишҷӯён баргузор гардид.
Вохӯриро муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ошноӣ пайдо кардан аз раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, шароити зиндагии онҳо мебошад.
Сипас, Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо донишҷӯёне, ки аз ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Зимни баромад Раиси ноҳия оид ба дастовардҳои ноҳия дар даврони Истиқлоли давлатӣ, бунёди коргоҳу иншооти наву замонавӣ сухан ронда, иброз дошт, ки ноҳия дар даврони Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри беҳбуди шароити зисти мардуми кӯҳистон шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам овард. Зеро то ин дам дар ноҳия даҳҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд, ки ба шароити таълиму тарбия ва ҳифзи сиҳатии сокинони ноҳия хизмат мерасонанд. Дар соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва бо дастгирии шарикони рушд бунёди муассисаҳои томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар аксар деҳоти ноҳия мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди даҳҳо иншооти муҳим барои хоҷагии халқи ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Раиси ноҳия ҳадафи баргузории мулоқоти мазкурро аз шиносоӣ бо шароити зисту зиндагӣ, раванди таҳсилу хониш ва шунидани дархосту таклифҳои донишҷуён хонда иброз дошт, ки ҷавонони мо бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия ёфта, ҳар як пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, бо дониши баланд ва маҳорати касбии хеш дар ободонии Ватан саҳмгузор гарданд. Ҳифзу гиромӣ доштани хоки Ватанро барои худ қарзи фарзандӣ донанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҳамчунин Раиси ноҳия доир ба вазъи соҳаи маориф, норасоии мутахассисон ва омӯзгорони фанҳои дақиқ, мушкилот ва вазъи имрӯзаи мактабҳои ноҳия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои аз байн рафтани мушкилот имрӯз ноҳия ба кадрҳои ҷавону кордон ниёз дорад.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён ба Раиси ноҳия дархосту пешниҳодҳо оиди таъсиси марказҳои забономӯзӣ, таъмини ҷои корӣ, ташкили марказҳои ҳуқуқӣ, таъмири мактабҳо дар деҳот ва дигар масъалаҳо ироа гардиданд. Дар идомаи вохӯрӣ ба донишҷӯёни фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, ба кулли донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, кӯмаки яквақтаинаи Раиси ноҳия супорида шуд, ки ин амал боз ҳам баҳри ҳавасмандкунию беҳбудии зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Дар охир ҳунармандон бо барномаи ранги консертӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар донишгоҳҳои вилояти Суғд зиёда аз 200 нафар донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд, ки 50 нафари онҳо духтарон мебошанд ва аз ин шумора 33 нафар духтарон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил намуда истодаанд.
«Паёми кӯҳистон»


