ДАСТГИРИИ СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

Дар доираи тадбирҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти мардум сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Ғаз, Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз оғози сар задани офати табиӣ ба дастгириву ғамхории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаро гирифта шуда, баҳри бартараф кардани хисороти офати табиӣ пайваста кор бурда истодаанд.

Аз рӯзи нахустини омадани сел ба ин деҳа бо роҳбарии Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ситоди кории доимӣ таъсис дода шуда, бо истифода аз техникаҳои ёрирасон корҳои бартараф намудани офати табиӣ ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки санаҳои 28 ва 29-уми апрели соли 2025 дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво ва якбора обшавии барф ва боридани борон дар деҳаи Ғаз, Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳия ҳодисаи табиӣ сар зад.

Дар натиҷаи омадани сел чанде аз хонаҳои сокинон, биноҳои ёрирасон, роҳу пулҳо ва заминҳои корам зарар диданд. Баҳри бартараф кардани хисороти расида чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуда истодааст, ки дар муддати кӯтоҳ оқибати зарар бартараф карда мешавад.

«Паёми кӯҳистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *