ВОХӮРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ санаи 6-уми майи соли равон бо иштироки мудири бахши маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Юсуфи Яъқуб ва дигар кормандони бахши маорифи ноҳия дар муассисаи таълимии рақами 6, деҳаи Падрох ва муассисаи рақами 2, деҳаи Пастиғав, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин нахуст аз шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, сипас бо иштироки омӯзгорон сӯҳбату мулоқот доир намуданд.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия зимни баромади худ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даври то соли 2045», вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифадаи қувваи барқ, инчунин амру фамоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия сухан ронда, иброз дошт, ки риояи қарору қонунҳои амалкунанда дар самти таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон ҳатмӣ буда, бояд ҳар як омӯзгор барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳангоми истифодаи нерӯи барқ сарфаву сариштакорона кор барад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҳамчунин дигар баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои зишту номатлуб, риояи сару либоси мактабӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сухан ронда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳи кишвар ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон расида, барои тарбияи  насли бофарҳангу ватандӯст ва дорои дониши баланд ҷидду ҷаҳд намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *