ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи 8-уми майи соли 2025 ба ифтихории 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қисми ҳарбии 0203–Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои ноҳия, инчунин афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия афсарону сарбозон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Иди Ғалаба табрик намуда, иброз дошт, ки ҳамасола дар саросари кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ Рӯзи 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм таҷлил карда мешавад. Ин пирӯзӣ бар душмани басо хашмгину пурқуввати вақт дар натиҷаи ҷоннисориву муттаҳидии собиқ халқияту миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омадааст. Ҷоннисориву корнамоиҳои миллати тоҷик дар ин ҷанги даҳшатбору хонумонсӯз кам набуда, ҳамон ҷавонмардиву далерии бобоёни мо будааст, ки дар миёни дигар халқҳои собиқ шӯравӣ чандин нафар ба унвони қаҳрамонӣ ва дигар унвонҳои баланди давлатӣ сарфароз гардидаанд. Ин Ғалаба дар таърих чун як пирӯзии некӣ бар бадӣ то абад ҷовидона хоҳад монд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба чанде аз афсарону сарбозон ва дигарон барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Сипас, дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад карда, ба чорабинӣ ранги дигар зам намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *