Табрикоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз!
Пагоҳ мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои истиқлолу озодии комил иди саиди Фитро бо руҳияи болидаву саршор аз фараҳу шоди таҷлил менамоянд. Дар баробари ин сокинон ва бошандагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз ин иди саид, ки яке аз ду идҳои дини мубини Ислом мебошад ва дар Тоҷикистони азизи мо дар баробари дигар иду ҷашнвораҳои миллӣ ҳамасола доир мегардад, истиқбол менамоянд.
Ҳамватанони мо ҳар сол иди саиди Фитрро бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ доир менамоянд.
Дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, кумаку дастгири ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатон, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққӣ гузаштагон дуъои хайр мефиристонанд.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳама мусалмонон ҳамчун рӯзи қабули дуъои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст.
Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Қобили зикр аст, ки имсол моҳи мубораки Рамазон ба фасли баҳори нозанину файзбахш рост омад. Мардуми мо, дар баробари ба ҷо овардани фаризаҳои ин моҳи шариф, ба хотири таъмин намудани зиндагии осӯдаи худ кишту кори баҳориро низ вусъат бахшиданд ва умедаст бо шарофати ин моҳи муборак, аҳли заҳмат ҳосили фаровоне ба даст оваранд.
Хотиррасон менамоям, ки фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр ва дини мубини ислом, ки ҳамчунин аз ҷумлаи арзишҳои имониву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ва шукргузори аз онҳо мебошад.
Неъмати бузургтарин дар зиндагии ҳар яки мо истиқлолу озодии Ватани биҳиштосоямон, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёси ва ваҳдати миллӣ аст.
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳар як оила ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Мо вазифадорем, ки наврасон ҷавононро ба китобхонӣ, илму донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, техникаву техналогияҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, заҳматдӯстиву созандагӣ роҳнамои кунем ва барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам намоем.
Зеро дар оянда ба таври шоиста соҳиби давлатӣ ободу пашрафта гардидан, танҳо тавассути наслҳое имконпазир мегардад, ки илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи даврони пешрафта ва ҷаҳонбинии муосиру васеъ дошта, ватандӯсту ватанпараст, содиқ ба давлату миллат ва худшиносу худогоҳ бошанд.
Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамоянд.
Мову шумо масъулу вазифадорем, ки бо талоши ватандустонаву заҳмати созандаи худ мунтазам беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар оиларо таъмин намоем, инчунин дар канори мардуми сарбаланди мамлакатамон устуворона ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардидани сарзамини азизамон Тоҷикистони биҳиштосоямон гом бардорем.
Бори дигар мардуми сарбалади ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар симои ҳар як сокини ноҳия тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик мегуям ва ба ҳар як ханадон сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак,
ҳамдиёрони азиз!

