БУНЁДИ БОҒ ДАР ДЕҲАИ РОҒ

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва аз худ кунии талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобида соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия беш 350-ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда ва ороиши шинонида мешаванд.

Бо ин мақсад   20- уми  марти соли 2025 дар остонаи Иди байналмилалӣ Наврӯз дар деҳаи Роғ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба маъракаи ниҳолшинонӣ  оғоз бахшид. Дар ин рӯз пиру барнои деҳа якҷоя бо Роҳбари ноҳия дар  50 гектар теппаи бекорхобидаи деҳаи Роғ ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороиши шинониданд. Раиси ноҳия аснои маъракаи ниҳолшинонӣ ба сокинон ва деҳқонон таъкид кард, ки ҳангоми бунёди боғ ва ё шинонидани дарахтон  қоидаҳои агротехникиро риоя намуда, дар самти корҳои ободонӣ ба хусус сабзу хуррам гардонидани  ҳифзи муҳити зист бо масъулияти баланд корбари намоянд. Ҳамингуна боғ дар дигар деҳаҳои ноҳия ба нақша гирифта шудаааст ва тибқи нақша аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,, шарикони рушд ва аҳолӣ,  марҳила ба марҳила дарахтони ороишию мевадиҳанда ба ноҳия ворид карда, боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамкори бо Шарикони рушд ва аҳолии ноҳия нақша дорад,  ки  беш аз 350-ҳазор бех ниҳолҳои  мевадиҳанда ва ороиши ба ноҳия ворид карда, ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва сабзу хуррам гардонии муҳити атроф аз ҳисоби қитъаҳои бекорхобида  боғҳои нав бунёд намояд .

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *