МЕХОҲЕД ФАРЗАНДИ ХУБ ДОШТА БОШЕД ВОЛИДАЙНИ ХУБ ШАВЕД…
Тибқи нақшаи муштараки дахлдори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар марҳилаи якум аз санаи 05 январи соли 2025 вохурии масъулин бо омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо баргузор гардида истодааст.
Чунин вохӯрӣ аз санаи 20 то санаи 28 уми январ дар муасисаҳои таълимии рақами 1, деҳаҳои Оббурдон, 6 деҳаҳои Падрох, Камодон, Виткон 2, деҳаи Пастиғав, 13, деҳаи Ҳадишаҳр ва 32, деҳаи Рогиф бо иштироки муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ва намояндагони бахши маориф, кор бо ноболиғони ШВКДҶТ дар ноҳия, Муасисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия, бахши кор бо занон, кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯри аз ҷониби масъулин оиди эътибори ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи фарзанд, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсил, эътибори ҷиддӣ додани волидайн барои донишомӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ, роҳ надодан ба ҳуруфотпарастӣ, дури ҷустан аз тақлиди бегонапарастӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, ифротгароӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 35 муассисаҳои таълимӣ, як Мактаб-интернат бо фарогирии 5 ҳазору 849 нафар хонанда ва ду муассисаи томактабӣ фаъолият мебаранд. Тибқи нақша дар марҳилаи, якум аз 05 январ то 30 май 2025 ба нақша гирифта шудааст, чунин сӯҳбату вохӯриҳо дар тамоми муасисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Паёми Кӯҳистон


