РӮЗИ ҒАЛАБА – ДАРСИ БУЗУРГИ СУЛҲ
Дар тақвими таърихи башар санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти даҳсолаҳо аҳамияти онҳо натанҳо коҳиш намеёбад, балки ҳамчун чароғи раҳнамо барои наслҳои оянда хидмат мекунанд.
Албатта, яке аз онҳо рӯзи Ғалаба бар фашизм мебошад, ки ҳамасола 9-уми май бо эҳтироми бузург ва ифтихори миллӣ таҷлил мегардад ва он яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии мамолики шӯравии собиқ, аз ҷумла, мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ин рӯз ба анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст–ҷанге, ки дар он миллионҳо инсон барои озодӣ, адолат ва ҳифзи зиндагии осоишта ҷони худро нисор карданд. Ғалаба бар фашизм натанҳо хотимаи як ҷанги хунин, балки оғози марҳилаи нави таърихии инсоният гардид, ки дар он арзишҳои сулҳ, баробарӣ ва ҳамзистӣ аҳамияти бештар пайдо карданд.
Вақте ки соли 1941 оташи ҷанг аланга зад, миллати тоҷик, ки бо табиати сулҳҷӯёнааш шинохта мешавад, силоҳ ба даст гирифт, то аз ояндаи башарият ҳимоят кунад. Аз ҳар панҷ як сокини Тоҷикистони онвақта ба ҷабҳа рафт. Ин рақам дар паси худ фоҷиа ва ҳамзамон қаҳрамонии бузургеро дорост.
Набардҳои сарнавиштсозе, ки фарзандони Тоҷикистон дар мудофиаи Москва, муҳосираи Ленинград, муҳорибаҳои Сталинград ва Курск, то расидан ба дарвозаҳои Берлин ҷасорати бемисл нишон доданд. Шаҳодат ва шараф аст, ки беш аз 90 ҳазор нафар ҷавонмардони мо аз майдони набард барнагаштанд. Номи онҳо имрӯз дар лавҳаҳои хотира ва дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ нақш бастааст.
Ақибгоҳое, ки дар Фронти дуюми фидокорӣ мавҷуд буд, намунаи барҷастаи ҷоннисории мардуми тоҷик дар ин ҷанги хунин буд. Ғалаба танҳо дар майдони ҷанг ба даст наомадааст. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба як корхонаи бузурги таъминотӣ ва госпитали умедбахш мубаддал гашт. Ин пуштибонӣ бо корхона сурма ва рахта роҳандозӣ гардида буд. Металли стратегиро барои сохтани яроқ ва пахтаро барои сару либоси аскарон маҳз деҳқонону коргарони мо бо заҳмати шабонарӯзӣ омода мекарданд.
Мардуми Тоҷикистон ҳазорон нафар кӯдакони ятим ва оворагони ҷангро аз шаҳрҳои муҳосирашуда қабул карда, нони худро бо онҳо тақсим намуд, ки ин олитарин намунаи инсондӯстии миллати мост.
Ин сана дар хотираи халқҳо ҳамчун рамзи ҷасорат, устуворӣ ва иродаи шикастнопазир боқӣ мондааст. Рӯзи Ғалаба ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳ неъмате аст, ки ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаи қурбониҳои бузург ва муборизаҳои сангин аст. Ҳар як кишвар ва ҳар як миллат дар ин пирӯзӣ саҳми худро гузоштааст, вале нархи он хеле гарон буд–ҷони миллионҳо одамон, харобии шаҳрҳо ва солҳои дарози ранҷу машаққат.
Барои халқи Тоҷикистон низ ин рӯз дорои аҳамияти басо бузург аст. Дар солҳои ҷанг садҳо ҳазор фарзандони тоҷик ба майдонҳои муҳориба рафта, дар хати пеш ва ақибгоҳ бо садоқат ва шуҷоат хидмат карданд. Онҳо натанҳо барои ҳимояи Ватан, балки барои ҳифзи инсоният мубориза бурданд. Бисёре аз онҳо қаҳрамонона ҳалок шуданд, вале номи некашон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон боқӣ монд.
Дар баробари ҷанговарон заҳматкашони ақибгоҳ низ нақши бузург доштанд. Онҳо шабу рӯз заҳмат кашида, ғизо, либос ва таъминоти заруриро барои фронт таъмин мекарданд. Занон, пиронсолон ва ҳатто кӯдакон дар шароити ниҳоят вазнин меҳнат мекарданд, то ки пирӯзӣ наздиктар шавад. Ин ягонагии халқӣ яке аз омилҳои асосии Ғалаба гардид.
Рӯзи Ғалаба танҳо як ёдбуди таърихӣ нест, балки мактаби бузурги тарбиявӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад. Он ба мо меомӯзад, ки ваҳдат ва ҳамбастагӣ қувваи бузургтарин дар ҷомеа аст. Ҳар вақте ки мардум муттаҳид мешаванд, ҳатто мушкилтарин монеаҳо паси сар мегарданд. Ин дарси таърих имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.
Фалсафаи Ғалаба дар замони муосир
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нави идеологӣ, кӯшишҳои таҳрифи таърих ва эҳёи андешаҳои ифротӣ рӯ ба рӯ аст, Рӯзи Ғалаба аҳамияти бештар пайдо мекунад.
«Хотираи таърихӣ–сипари амнияти маънавии миллат аст». Таҷлили ин рӯз ба насли ҷавон меомӯзад, ки озодӣ ва истиқлолият худ аз худ ба даст намеоянд. Онҳо маҳсули қурбониҳои бузурганд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки омӯхтани сабақҳои ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941–1945 барои ҳифзи сулҳу суботи имрӯзаи кишвар ниҳоят муҳим аст. Албатта, дар ҷаҳони муосир, ки муноқишаҳо ва низоъҳо ҳанӯз ҳам дар баъзе минтақаҳо ба назар мерасанд, паёми Рӯзи Ғалаба хеле муҳим аст. Он моро ба сулҳ, гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Ҷанг ҳамеша бо худ танҳо харобӣ меорад, дар ҳоле, ки сулҳ имкони рушд, пешрафт ва зиндагии шоистаро фароҳам месозад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва ҷомеа ба гиромидошти хотираи иштирокчиёни ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ аҳамияти махсус медиҳад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд: парадҳои ҳарбӣ, вохӯриҳо бо собиқадорон, барномаҳои фарҳангӣ ва маросими гулгузорӣ дар назди ёдгориҳои ҷанг. Ин ҳама нишонаи эҳтироми амиқи миллат ба таърихи худ мебошад. Ҳар як хонавода дар кишвар ёдгориҳои зиндаи он давраро дар хотира дорад–падар, бобо ё аҷдоде, ки дар ҷанг иштирок кардаанд. Ин хотираҳо натанҳо таърих, балки қисми муҳими ҳувияти миллӣ мебошанд. Ҳифзи ин хотираҳо вазифаи муқаддаси ҳар як насл аст.
Рӯзи Ғалаба инчунин моро водор месозад, ки ба арзиши сулҳ бештар таваҷҷуҳ намоем. Сулҳ натанҳо набудани ҷанг, балки шароити устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бе сулҳ ҳеҷ ҷомеа наметавонад пеш равад ва рушд кунад.
Ҷавонон дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд аз таърихи гузашта сабақ гирифта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёбанд. Маҳз ҷавонон ояндаи миллатанд ва нигоҳдорандаи арзишҳои сулҳу ваҳдат мебошанд.
Дар маҷмуъ, Рӯзи Ғалаба натанҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи ҷовидонаи иродаи инсон, ваҳдати халқҳо ва пирӯзии адолат бар зулм аст. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳро бояд ҳифз кард, таърихро бояд фаромӯш накард ва ба қадри зиндагии орому осоишта бояд расид.
Бигзор хотираи қаҳрамонон абадӣ бошад, сулҳу ваҳдат пойдор монад ва Тоҷикистони азиз ҳамеша дар фазои орому шукуфон рушд намояд!
Саминахон Хушмаҳмадзода,
омӯзгории фанни физикаи
МТМУ рақами 31

