ВОХӮРӢ БО ТАБИБОНИ КӮҲИСТОН
Рӯзи 9-уми май сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо табибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вохӯри анҷом дод.
Ин дидор дар шаҳраки Меҳрон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 сурат гирифта, дар он муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фирӯз Комилов, кормандони беморхонаи марказии ноҳия, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, табибон, кормандони бунгоҳҳои тиббии ноҳия ширкат доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъкид намуд, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Мо табибон бояд дар қатори корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати ҳифзи саломати мардум, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ корбарӣ намоем. Вазифаи бар дӯш доштаи хешро тибқи қонунгузорӣ ва рисолати касбӣ содиқона ва софдилона иҷро намоем. Ба амалҳое, ки шаъну шарафи табибро паст мезананд, ҳаргиз даст назанем.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба шарту шароити кунунии беморхона ва бунгоҳҳои тиббии ҳудуди ноҳия, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа дастуру маслиҳатҳо дода, изҳори умед карда шуд, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҳарвақта дида беҳтару хубтар корбарӣ менамоянд.
«Паёми кӯҳистон»


