РОҲИ АҒБАИ ОББУРДОН:

СОКИНОНИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ТАВАСУТИ ИН РОҲ БО МАСОФАИ ЗИЁДА АЗ 100 КМ НАЗДИК БА МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД МЕРАСАНД.

Роҳи Ағбаи Оббурдон ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бар асари боришоти зиёди барфу борон, ки боис ба лағзиши тармаву шахпораҳо мегардад, баста шуда ва дар моҳҳои майиюн пас аз тозаву ҳамвор намудани он дубора барои равуои сокинон боз мешавад.

Имсол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва дастгирии Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода баҳри ҳарчи зудтар боз шудани роҳ иқдом аз оғози моҳи апрели соли ҷорӣ корҳои таъмиру тоза кардани барф ба роҳ монда шуд. Ва нисбат ба солҳои қаблӣ як моҳ пештар оғози моҳи май роҳ кушода гардид. Новобаста аз номусоид омадани боду ҳаво ва боришоти дубораи борону барф кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия пайваста барои ҳарчӣ зудтар аз тармаву шахпораҳо тоза ва ҳамвор намудани роҳи Ағбаи Оббурдон корбарӣ намуда истодаанд. Бино ба маълумоти сардори МДНРА ноҳия, Муллонеъмат Қозиев, Айни замон роҳи Ағбаи Оббурдон боз буда мусофирон аз самти ноҳияи Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ бемонеаи рафту омад намуда истодаанд.

Роҳи ағбаи Оббурдон солҳои 80-уми асри гузашта бо ташаббус ва кўшишҳои шодравон Холмуҳаммад Сангинов — раиси ҳамонвақтаи Иттиҳодияи гўсфандпарварии байнихоҷагие, ки ҳамон айём фаъолият дошт, оғоз шуда, соли 1989 сохтмони он анҷом ёфт. Ағбаи Оббурдон аз сатҳи баҳр наздик ба 4000 метр баландӣ дошта, масофаи он дар маҷмуъ 50 км аст. Тавассути ин ағба сокинони

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ноҳия Деваштич гузашта, ҳамин тавр ба дигар навоҳии вилояти Суғд сафар мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *