ТАҶЛИЛИ 81-УМИН СОЛГАРДИ ИДИ ҒАЛАБА

Санаи 9-уми майи соли равон ба ифтихори 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар ноҳия чорабинии идона доир гардид.

Чорабинӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 36, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов, кормандони сохторҳои қудратии ноҳия, роҳбарони шӯъбаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ инчунин афсарон, сарбозони қисми ҳарбӣ ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода афсарону сарбозон, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Иди Ғалаба табрик намуда, иброз дошт, ки соли равон аз таърихи муборизаҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони кишвари азизамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81 сол сипарӣ гардид. Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардиданд, ки ин шумора 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод.

Фидокориву корнамоиҳои миллати тоҷик дар ин ҷанг кам набуда, маҳз ҳамон ҷавонмардиву далерии бобоёни мо будаст, ки дар миёни дигар халқҳои собиқ шӯравӣ чандин нафар ба унвони қаҳрамонӣ ва дигар унвонҳои баланди давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Сипас, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фирӯз Комилов паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро бахшида ба 81-солагии Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ба самъи ҳозирин расонид.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо хондани суруду таронаҳои ватандӯстӣ ва иҷрои саҳначаҳо аз воқеаҳои даҳшатбори ҷанг ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Бояд гуфт, ки то се соли пеш дар ноҳия танҳо як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Халифа Одинаев умр ба сар мебурд, ки соли 2023 дар синни 100-солагӣ аз олам даргузашт.

Сокинону бошандагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз корнамоиҳои тамоми иштирокчиёни ҷанг ҳамеша қадр мекунанд ва қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои иштирокчиёнро намунаи олии ватандӯстӣ унвон карда, ёду хотироти иштирокчиёни ҷангро ҳамеша гиромӣ медоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *