ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ 81-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941–1945

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола нӯҳуми май дар қатори дигар халқҳои сулҳдӯсту ватанпарвар дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мешавад.

Соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон Тоҷикистон 81 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми ноҳияро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба содиқона шодбош гуфта, ба хонадони мардуми азизамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардиданд, ки ин шумора 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. Аз ин рӯ, қадршиносӣ ва ба ёд овардани корномаи беназири падарони қаҳрамон, инчунин, насли калонсол, занон ва наврасоне, ки дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро гузоштанд, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи ин ҷанги ҷаҳонӣ таъкид намудаанд: «Оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушёр медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад». Бахусус, дар шароити имрӯзаи вазъи ниҳоят ноорому мураккаби ҷаҳон, ки башарро хатару таҳдидҳои гуногун, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст, рушд бахшидани сулҳу дӯстӣ ва ҳампайвандиву ҳамкорӣ дар байни халқу кишварҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад ва моро ҳушёр медиҳад, ки баҳри ҳифзу ҳимояи суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Дар ин замина, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон, ки борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, баҳри таъмини зиндагии орому осудаи сокинон содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Насли имрӯзро зарур аст, ки таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи гузаштагони худро омӯхта, баҳри таъмини иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз, рушди иҷтимоию иқтисодии давлатамон ва нуфузу обрӯи он беш аз пеш талош варзанд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 табрик гуфта, хотирҷамъӣ, хонаи обод ва дастоварду муваффақиятҳо таманно менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *