ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН ШУРӮЪ ШУД

Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ–шаҳраки Меҳрон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 бо як шаҳомати хоса оғоз гардид.

Даври ноҳиявии озмун бо суханронии муовини раиси ноҳия ифтитоҳ шуда, Гулҷаҳон Вазирова аз моҳияти муҳими маънавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳарф зада, ба довталабон ва ширкаткунандагон барору комёбиҳо таманно намуд.

Сипас мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ба сухан баромада, рафти баргузории озмун ва ҳайати доварони таъингардидаро муаррифӣ кард.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати одилона ва шаффоф баргузор гардидани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доварон аз маркази вилояти Суғд ва ғолибони озмуни мазкур низ ҷалб карда шудаанд.

Тибқи иттилои масъулин даври ноҳиявии озмун бо дарназардошти ҳайати иштирокчиён санаҳои 7-8- уми майи баргузор карда шуда, беҳтаринҳо муайян мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *