ИСТИҚБОЛИ САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН
Санаи 6-уми майи соли равон тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик бо иштироки муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Гулҷаҳон Вазирова, масъулин, волидайни сарбозон ва сокинони деҳа маросими истиқболи ҷавонмардоне, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо сарбаландӣ ба анҷом расонид, баргузор гардид.
Гулҷаҳон Вазирова ба сарбозони шуҷоъ сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мактаби ҷасорату мардонагӣ ба ҳисоб рафта, сарбозони имрӯз бо иҷрои қарзи муқаддаси худ намунаи ибрат барои ҷавонони дигар гардиданд. Давлату Ҳукумат ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва чунин иқдомҳо барои таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, масъулин ба волидайн барои тарбияи чунин фарзанди ватандӯст изҳори сипос намуданд.
Сарбозон дар навбати худ изҳор доштанд, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва ифтихор аз адои хизмати ҳарбӣ ба назди волидайнашон баргашта, минбаъд низ барои ободиву пешрафти Ватани азиз саҳм мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон аз 7 нафар ҷавони бонангу номус ва ватандӯст аз деҳаи Оббурдон, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда буданд, 6 нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Паёми Кӯҳистон


