ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Имрӯз, 29 апрели соли 2026 дар толори муассисаи таълимии рақами 36 воқеъ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Олимзода Нусратулло Олим баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раиси ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, сардори ШВКДҶТ дар ноҳия полковники милитсия Ниёззода Саидмақсуд Саидмаъмур, сардори ШН КДАМ ҶТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мисоқзода Фирӯз ва сардори нозироти андози ноҳия Ҷумаев Парвиз, кормандони фаврии прокуратураи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои ноҳия раисони ҷамоатҳои деҳот, нозирони минтақавӣ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муҳокимаи вазъи риоя ва иҷрои қонунгузориҳо “Дар бораи пурзӯр намудани муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ” дар ноҳия дар давраи солҳои 2024-2025 дар фаъолияти субъектони муборизабаранда ба ин қабил ҷиноятҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҷаласаро прокурори ноҳия Олимзода Нусратулло Олим ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи баррасишаванда оид ба пешгирии тероризм, экстремизм ва дигар амалҳои ба ҷомеа хавфнок сар вақти буда аз ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст тақозо мекунад, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб муборизаи беамон барад.

Сипас, ёрдамчии прокурори ноҳия Олимзода Сӯҳроб Рустам оид ба натиҷаҳои санҷишу таҳлил дар самти пурзӯр намудани муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ”сухан ронда иброз дошт, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 бо ташабуси Пешвои Миллат, Асосгузору Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ноҳияи алоҳида дорои 2 ҷамоату 54 деҳа таъсиси дода шуда, шумораи аҳолии ноҳия 27600 нафарро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 2024 ва 2025 аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, аз ҷумла ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи К.Мастчоҳ ва ШМ дар ноҳияи К.Мастчоҳ будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ошкор ва ба қайд гирифта нашудааст. Гарчанде, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ошкор ва ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, вале аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи болоӣ оиди даст ба чунин ҷиноят задани сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Дар идома сардори ШВКДҶТ дар ноҳия полковники милитсия Ниёззода Саидмақсуд оид ба ҳолатҳои ошкоргардидаи қонуншиканӣ, бурдани корҳои прфилактики дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ва таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар ҷиноятҳо маълумот дода, зарурати андешидани чораҳои қатъиро таъкид намуд.

Дар идомаи ҷаласа сардори ШН КДАМ ҶТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мисоқзода Фирӯз баромад намуда иброз дошт, ки мубориза ба ин гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа кори дастҷамъона буда пайваста аз ҷониби командони ин ниҳод корбарӣ рафта истодааст. Ва ба нафарони дар ҷустуҷӯи расми қарордошта бо аҳли оилаашон сӯҳбату мулоқот ба роҳ монда шудааст. То ин, ки шахсони ба доми фиребафтода аз кирдори худ даст кашида ба ҳаёти осоишта баргарданд.

Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода

аз ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовари намуда иброз дошт, ки дар ноҳия баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби раиси ноҳия раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо кормандони бахши дин имомхатибон ва раисони ҷамоатҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва дигар кирдорҳое,ки барои ҷомеа хавфнок мебошанд тадбирҳои муассир андешанд.

Дар муҳокимаи ҷаласа мудири бахши дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, нозирони минтақавӣ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия баромад намуданд тибқи маълумоти мудири бахши дин дар ноҳия Шамсиддин Шомуродзода дар ноҳия 45 адад масҷидҳо, аз ҷумла 2 масҷиди ҷомеъ ва 43 масҷидҳои панҷвақта дар асоси Низомнома фаъолият доранд.

Дар ноҳия фаъолияти 5 адад масҷидҳои ғайрирасмӣ қатъ ва боздошт шудаанд. Онҳо ҳамчун муассисаҳои фарҳангӣ ба монанди китобхона, Идораи кумитаи маҳал ва синфхонаҳои иловагӣ истифода бурда мешаванд.

Дар идомаи ҷаласа прокурори ноҳия Олимзода Нусратулло зимни таҳлили ҳамаҷониба таъкид намуд, ки муқовимат бо терроризм, экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин самт бояд ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби раиси Шуро вазифагузорӣ шуда, ба масъулин барои иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *