БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ » ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, √АП-862 ва Низомномаи он ҷиҳати баргузор намудани Озмуни Ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ даври ноҳиявии он роҳандозӣ гардида бо ин мақсад санаи 5-уми майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон, даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, устодону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Юсуфи Яъқуб ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бори аввал таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ пири достонсароёни машриқзамин, дар радифи нобиғагони олами шеър аз намоёнтарин чеҳраи адабиёти тоҷику форс мебошад, ки тавассути асари безаволи худ «Шоҳнома» дар рушди тамаддуни башарият хизмати мондагор намудааст. Ин шоири бузурги тоҷику форс даҳ аср пеш достонҳои қадима ва ривоятҳои таърихии халқҳои эронинажодро ба назм даровард ва дар ин кор сӣ сол заҳамат кашид. «Шоҳнома»-и ӯ шоҳасари адабиёти классикии мо мебошад.
Дар даври якуми озмун 220 нафар, аз рӯи ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ фаъолона ширкат варзиданд, ки шумораи бештари онҳоро духтарон ташкил медоданд. Дар озмуни мазкур беҳтаринҳо муайян ва ба даври дуюм роҳхат дода шуданд. Иштироки фаъоли духтарон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни онҳо ба омӯзиши мероси гаронбаҳои адабӣ, бахусус осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дарак дода, ҳамзамон аз сатҳи баланди маърифати фарҳангӣ ва завқи бадеии наврасону ҷавонон шаҳодат медиҳад


