Муқовимат бо савдои одамон кори дастҷамъист

Санаи 27 уми апрели соли 2026  дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаи муштарак оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид. Дар кори он роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Муҳамадамин Раҳматзода, сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия Ниёззода Саидмақсуд Саидмаъмур роҳбарони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва расонидани кумак ба қурбониёни ин намуди ҷиноят баррасӣ шуданд.

Нахуст сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия Ниёззода Саидмақсуд оид ба вазъи мубориза бар зидди савдои одамон маълумот дода, аҳамияти пешгирии барвақтӣ, ошкорсозии чунин ҷиноятҳо ва баланд бардоштани ҳушёрии шаҳрвандонро таъкид намуд. Ҳамзамон, ба иштирокчиён мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» шарҳ дода шуда, роҳҳои содир гардидани ин ҷиноят, аз ҷумла ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, талбандагӣ ва дигар шаклҳои истисмор маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои ҷиддие, ки арзишҳои олии инсонӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро таҳдид мекунад, савдои одамон ба ҳисоб меравад. Ин ҷиноят ба озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи асосии инсонҳо зарба мезанад ва дар қатори ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷой дорад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар – асосан занон, кӯдакон ва муҳоҷирон қурбонии ин падида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои муҳим меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад».

Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили масъалаи муқовимат ба савдои одамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими амнияти миллӣ аҳамияти калон дорад.

Дар анҷоми ҷаласа масъулин зарурати густариши ҳамкории сохторҳои давлатӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ оиди пешгирии ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуда аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза бар зидди савдои одамон бетараф набошанд ва дар сурати ошкор намудани чунин ҳолатҳо фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *