БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА РАФТИ БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Дар доираи Рӯзҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки санаҳои 22-24 апрели соли ҷорӣ аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуданд.

Имрӯз, санаи 24 -уми апрели соли 2026 дар Муассисаи таълими рақами 36 воқеъ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон вохӯрии гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, муовинони раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорон ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.

Дар оғоз сардори Раёсати маорифи вилоят ба ҳозирин оид ба фаъолияти гурӯҳи корӣ ва рафти санҷиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода иброз намуд, ки баргузории чунин суҳбату мулоқотҳо тибқи нақша дар тамоми муасисаҳои таълимии вилояти Суғд ба роҳ монда шуда ҳадаф огоҳи пайдо кардан ба сатҳу сифати таълим шиносоӣ шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Сипас, аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки муассисаҳои таълимии ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода буданд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта ба масъулин оиди бартарф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру маслиҳатҳо дода шуда масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олипиадҳои фаннӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ таъкид гардид, ки зимни боздид масъулин оид ба сатҳу сифати таҳсилот, ҳолати таъмирталабии муассисаҳои таълимӣ, раванди иштироки хонандагон ба дарс омузиши забонҳои хориҷӣ, назорати таълиму тарбия ва рафти иҷрои барномаҳои таълимӣ дидан намуда ба масъулини муассисаҳои таълимӣ ёрии методӣ расонида маслиҳатҳои судманд дода шуда аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи ноҳия ба масъулин дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор, баланд бардоштани ҳуввияти миллии насли наврас, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани хонандагон, риояи сару либоси ягонаи корӣ ва либоси тавсиявӣ барои хонандагону омӯзгорон, назорати дохилимактабӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, ширкати хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ, таҳлили дарси директорони муассисаҳои таълимӣ ва муовинони онҳо ибрози андеша гардид.

Дар охири маҷлис Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар меҳвари сиёсати Пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз соҳаҳои калиди ҳисобида шуда, Роҳбари давлат баҳри рушду тавсеи ин соҳаи муҳим дар кишвар пайваста дастгириву ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Ҳаминаст, ки сол аз сол муассисаҳои бузурги таълимӣ дар саросари мамлакат ба хусус дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистон барои фароҳам овардаи шароити мусоиди таълим сохта шуда истодаанд. Бахшида ба сазовор истиқбол гирифта ни ҷашни 35-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар баробари дигар иншоотҳо сохтмону азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ низ роҳандозӣ гардида мавриди истифода қарор дода шуданд. Солӣ ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда буданд 11 маркази инкишофи кӯдак тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои пешрафти таълиму тарбия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ

ба масъулини соҳаи маорифи ноҳия бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳо, таъмини барномаҳои давлатӣ ва омузиши технологияи иттилоотӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба равияҳои бегона, таъмини сарулибоси ягонаи мактабӣ ва дар руҳияи ватанӯстиву ватанпарасти тарбия намудани насли наврас даструру супоришҳо дода шуд.

дар ноҳия 38-муассисаи таълими амал мекунад ки дар он 6261 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли гузашта бо фарогирии зинаи сеюми таҳсил 500-нафар зиёд мебошанд ва аз ин шумора 2979 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорон 634 нафар буда, 124-нафарашон зан мебошанд. Аз инҳо 580-нафар дорои маълумоти олӣ, 54 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *