ВОХӮРИИ РАИСОНИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ВА НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТ
Санаи 15-уми апрели соли равон дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раисони шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров аз баргузории мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст, ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот ошноӣ пайдо кардан аз раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, шароити зиндагии онҳо мебошад.
Сипас Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо донишҷӯёне, ки аз ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Зимни баромад Раиси ноҳия баргузории мулоқоти мазкурро аз шиносоӣ бо шароити зисту зиндагӣ, раванди таҳсилу хониш ва шунидани дархосту таклифҳои донишҷӯён хонда, иброз дошт, ки соли равон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани азизамонро ҷашн мегирем ва ин сол барои мо соли имтиҳон ва ташабускориҳост. Дар ин сол ва минбаъд мо бояд ҷавонони худогоҳу ватандӯст ҳиссиёт ва ифтихори ватанпарваронаву миллатдӯстонаи худро, ки нишон аз самимият ва садоқат ба давлати соҳибистиқлоламон аст, бештар бо амалҳои созандаву меҳнати софдилона ва донишу маҳорати баланди касбӣ собит созанд.
Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падарону модарон ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият муносибат намоянд. Ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҳамчунин Раиси ноҳия таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пешниҳоду ташаббусҳои созандаи ҳамаи шумоёнро пуштибонӣ намуда, баҳри амалигардонии онҳо аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён ба Раиси ноҳия дархосту пешниҳодҳо оиди таъсиси марказҳои забономӯзӣ, таъмини ҷои корӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳо ироа гардид. Ҳамчунин дар идомаи вохурӣ донишҷуёни фаъол, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, ба бархе аз донишҷӯён кӯмаки яквақтаинаи Раиси ноҳия супорида шуд, ки ин амал боз ҳам баҳри ҳавасмандкунию беҳбудии зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Дар охир ҳунармандон бо барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар донишгоҳҳои вилояти Суғд зиёда аз 200 нафар донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд, ки 50 нафари он духтарон мебошанд ва аз ин шумора 33 нафар духтарон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил намуда истодаанд.
«Паёми кӯҳистон»


