Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ

Санаи 15-уми апрел зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст.

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсиятест, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Хизматҳои Устод Айнӣ натанҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори адиб ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад.

Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад. Устод Айнӣ дар баробари дигар хизматҳои мондагораш дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанг ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби илмию амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ба шумор меравад.

Устод Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда,  дар бунёду эҳё ва таҳкими забони модарӣ ва суннатҳои миллии тоҷикӣ нақши мондагор дорад. Зиндагӣ ва корномаи Устод Айнӣ нишони он аст, ки ҳастии як миллатро нафақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланд низ метавонад дар баробари силоҳ нигаҳдор ва пуштбони ҳувияти як халқ бошад.

Дар аввали асри ХХ Устод Айнӣ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд. Ӯ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони кӯҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд. Ҳамин аст, ки Устод Айнӣ то кунун натанҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони дунё маъруф аст.

Таъсири осор ва шахсияти Айнӣ аз рӯзи ба арсаи фаъолияти серпаҳлуи эҷодӣ пардохтану бо номи нек шинохта шуданаш шуруъ гардида, то кунун вусъат дорад. Ин далели он аст, ки  вай шахсияти асил ва эҷодкори мумтоз мебошад. Солҳо сипарӣ мешаванд, вале арзиши осори Айнӣ ва шахсияти ӯ кам намегардад. Дар маҳфилу нишастҳо ва осори пажӯҳишии илмию тадрисӣ ёди устодро гиромӣ медоранд ва эҷодиёти серпаҳлую фарохашонро фаровон истифода мекунанд.

Ҳоло бузургтарин донишмандон дар дилхоҳ пажӯҳиш аз осори Устод Айнӣ далел меоранд. Ҳамаи ин чирадастӣ ва мӯшикофии эҷодиёти Устод Айниро бозгӯйӣ мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошта буданд, ки: «корномаи беназири Устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст».

То ба имрӯз дар мавриди хизматҳои ӯ дар шинохти миллати куҳанбунёди мо–таърих, забон, адабиёти ин миллат, махсусан, замоне, ки тақдири мардуми тоҷик дар зери хатар қарор дошт, ниҳоят бузург аст ва  ин нуктаро аз ҳамсафонаш, ба мисли устод Абулқосим Лоҳутӣ сар карда, то удабо ва уламои имрӯза гуфтаанд ва эътироф намудаанд. Таъсири Устод Садриддин Айнӣ ба таърихнигорон, нависандагон ва олимони баъди ӯ хеле амиқ аст ва онҳо бузургии устодро эътироф кардаанд.

Айниро нафақат олимони Шарқ, балки олимони рус ва Ғарб низ эътироф мекунанд. Танҳо барои намуна мо  суханони  шарқшиноси машҳури чех Иржи Бечкаро ёдовар мешавем, ки гуфтааст: «Шахсан ман ба адабиёти тоҷик баъд аз ҷанг ошно гардидам. Ба ман алалхусус асарҳои Садриддин Айнӣ таъсири амиқ гузоштанд».  Ба таъкиди Иржи Бечка Устод Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин нависандагони асри XX ба шумор меравад. Иржи Бечка, ки осори Устод Айниро таҳқиқ карда, мақолаҳои зиёде дар бораи ҳунар ва фаъолияти адабии ӯ навиштааст, ба чунин хулоса меояд: «Қисса ва ҳикояҳои мардуми Осиёи Миёна сарчашмаи беназир ба шумор мераванд…Дар байни онҳо наср, махсусан «Ёддоштҳо»-и Устод Садриддин Айнӣ чун асосгузори адабиёти имрӯзаи тоҷик ҷойи намоёнро ишғол менамояд».

Бояд гуфт, ки «Ёддоштҳо»-и Устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму ойин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, ойинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ хеле сода, самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудаанд. Муҳим он аст, ки ҳама навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор дод.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Устод Айнӣ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил гардида, яке аз хиёбонҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе, як ноҳия дар шимоли мамлакат ва Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба номи Устод гузошта шуданд. Инчунин, муҷассама ва нимпайкараҳои Устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе  ва чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохта, акси нависанда дар асъори миллӣ–5 сомонӣ тасвир шудааст.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд осорхонаҳои адабӣ ва ёдгории нависанда ташкил карда шудаанд.  Яке аз  боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе номи Айниро дорад ва дар он мақбараи устод бунёд шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *