БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

Рӯзи 14-уми апрели соли равон дар шаҳраки Меҳрон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми семоҳаи аввали соли 2026 доир шуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Раҳмон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар оғози маҷлис муовини якуми Раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ муфассал ҳисобот дод.

Зимни ироаи ҳисобот доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, сохтмон ва меъморӣ, саноат, иқтисодиёт ва фаъолияти бахшҳои хусуси ва соҳибкорӣ дар давраи ҳисоботӣ омодагиҳо ва тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35 солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва дигар тадбирҳои муҳим ҳарф зад.

Инчунин дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳия доир ба фаъолияти соҳаҳои гуногун таваҷҷӯҳи зоҳир намуда аз роҳбарони чанде аз бахшу шӯъбаҳои ноҳиявӣ пурсиш ба амал овард.

Дар охир Раиси ноҳия суханронӣ намуда таъкид кард, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35 умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ҷузъи ҷудонопазири ҷомеъаи мамлакат дар ин замина дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои созандагиву бунёдкориро руий даст гирифтаанд.

Сокинон ва бошандагони ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи таърихӣ бояд бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ корбарӣ намуда, нахуст аз хонаву дари худ маҳал ва сатҳи ноҳия дар корҳои ободонӣ ҳиссагузор бошанд, дар ин раванд масъулин намунаи ибрат бояд бошанд, таъкид кард Раиси ноҳия.

Дар фароварди суханронӣ Раиси ноҳия ба масъулин ва фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, самаранок истифодабарии ҳар порча замин ва тақвият додани кишти баҳорӣ, бештар намудани вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон, ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар тадбирҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Паёми кӯҳистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *