РӮЗИ КАЙҲОН–РАМЗИ ПЕШРАФТИ ИНСОНИЯТ ВА ҚУЛЛАИ ИЛМУ ТЕХНИКА
Рӯзи кайҳон, ки ҳамасола 12-уми апрел таҷлил мегардад, аз ҷумлаи муҳимтарин ва пурифтихортарин санаҳои таърихи башарият ба шумор меравад. Ин рӯз ба хотири яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техника–парвози нахустини инсон ба фазои кайҳонӣ ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1961 кайҳоннаварди шуҳратёри ҷаҳон Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток-1» ба фазо парвоз намуда, барои нахустин бор заминро аз кайҳон тамошо кард. Ин воқеаи таърихӣ оғози давраи нави рушди илми кайҳоншиносӣ ва марҳилаи тозаи тафаккури инсонӣ гардид.
Аз замонҳои қадим инсон бо ҳайрат ба осмони пурнаҷм менигарист ва мекӯшид асрори ситорагон, моҳ ва дигар ҷирмҳои осмониро дарк намояд. Дар тамаддунҳои қадима илми ситорашиносӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими дониш ташаккул ёфта, олимону мутафаккирон кӯшиш мекарданд ҳаракати ҷирмҳои осмониро шарҳ диҳанд. Бо гузашти асрҳо ва рушду такомули илм, хусусан дар давраи эҳё ва замони муосир, имкониятҳои техникии инсон ба дараҷае расиданд, ки орзуи парвоз ба кайҳон амалӣ гардид.
Парвози Юрий Гагарин натанҳо дастоварди як давлат, балки ғалабаи умумии инсоният ба ҳисоб меравад. Ӯ дар тӯли 108 дақиқа 3аминро як маротиба давр зада, бо ҷасорат ва иродаи қавӣ исбот намуд, ки инсон метавонад аз ҳудуди сайёраи худ берун равад. Ин рӯйдод ба рушди минбаъдаи барномаҳои кайҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид ва кишварҳои гуногунро ба омӯзиши васеи кайҳон ҳидоят намуд.
Баъд аз ин воқеа илми кайҳоншиносӣ босуръат рушд ёфт. Ба кайҳон фиристодани моҳвораҳои сунъӣ, тадқиқоти сайёраҳои дигар, парвозҳои инсонӣ ва сохтмони истгоҳҳои кайҳонӣ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги инсоният мебошанд. Имрӯзҳо истгоҳҳои байналмилалии кайҳонӣ ҳамчун лабораторияҳои илмӣ фаъолият намуда, дар онҳо олимон таҷрибаҳои гуногунро анҷом медиҳанд, ки натиҷаҳои онҳо барои пешрафти илм ва беҳбудии зиндагии инсон аҳамияти калон доранд.
Илми кайҳоншиносӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон таъсири назаррас мерасонад. Аз ҷумла, рушди системаҳои алоқа, интернет, навигатсия (GPS), пешгӯии обу ҳаво, мониторинги муҳити зист ва ҳатто идоракунии ҳолатҳои фавқулода ба технологияҳои кайҳонӣ вобастагӣ доранд. Бе дастовардҳои кайҳонӣ тасаввур кардани ҷаҳони муосир ғайриимкон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди илм ва технология аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Тоҷикистон солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Инчунин илова бар ин, бо сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат дар қатори дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ин замина озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардидааст, ки ҷиҳати омӯзиш ва баланд бардоштани маҳорати хонандагон дар омӯзиши фанҳои дақиқ ва кашфу ихтирои технологияи навин мусоидат менамояд.
Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ тақвият ёфта, озмунҳо ва барномаҳои илмӣ барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон роҳандозӣ мешаванд. Ин ҳама метавонад заминаи мусоид барои рушди соҳаи кайҳоншиносӣ дар оянда гардад.
Нақши ҷавонон дар рушди илми кайҳонӣ бисёр муҳим аст. Маҳз насли ҷавон метавонад бо дониши муосир, тафаккури навоварона ва шавқу рағбати баланд дар ин самт саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тадқиқот аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Рӯзи кайҳон инчунин рамзи ҷасорат, ирода ва орзуҳои бузурги инсон мебошад. Ин сана моро ба он водор месозад, ки ҳеҷ орзу ғайриимкон нест, агар инсон ба худ бовар дошта бошад ва барои расидан ба ҳадафҳои худ пайваста талош намояд. Кайҳон барои инсоният натанҳо майдони тадқиқот, балки сарчашмаи илҳом ва умед ба ояндаи дурахшон аст.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки Рӯзи кайҳон таҷассумгари пешрафти тамаддуни инсонӣ ва қуллаи баланди илму техника мебошад. Ин рӯз моро ба омӯзиш, эҷодкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд ҳидоят мекунад. Бигзор осмони илму маърифат барои ҳар як инсон равшан бошад ва инсоният дар роҳи кашфи асрори кайҳон ба дастовардҳои боз ҳам бузург ноил гардад
Саминахон Хушмаҳмадзода

