Дар деҳаи Табушн толори варзишӣ сохта мешавад

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дошта, ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ 115 адад иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда 112 адади он мавриди истифода қарор дода шуданд. Илова бар ин, чандин иншооти дигар бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони ватандӯст роҳандозӣ гардида, то арафаи ҷашни умумимиллӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Бо ин мақсад имрӯз санаи 21-уми апрели соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо мақсади беҳтар гардидани рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим барои ҷавонону наврасон ба корҳои сохтмонии толори варзишии деҳаи Табушн, ҷамоати деҳоти Лангар оғоз бахшид.

Зимни гузоштани санги асос ва оғоз бахшидани корҳои сохтмонии толори варзишӣ Раиси ноҳия ва пиру барнои деҳаи Табушн иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар суҳбат бо аҳолӣ дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон расонида, зикр намуд, ки сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар маҳз ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии ҳар як гӯшаи Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд дар татбиқи ин ҳадафҳои олӣ саҳми арзандаи худро гузорад ва бо меҳнати содиқона барои пешрафти диёр талош намояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ нишонаи баланди ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад. Иншооти нави бундшаванда дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистон имкон фароҳам меорад, ки соҳаи варзиш дар ноҳия рушд ёфта дар оянда ҷавонону наврасон обутоб ёфта дар мусобиқаҳои варзишӣ парчамбардорони ватани хеш гарданд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони толори варзишӣ дар деҳаи Табушн бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинон сохта мешавад. Ва дар дигар деҳоти ноҳия бо иқдоми сокинони ватандӯст корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бомаром ҷараён дорад.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *