ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД!

Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту бародар–Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар остонаи Иди байналмилалии Наврӯз ҳамаҷониба манфиатбахшу илҳомбахш мебошад.

Ин сафари пурҳикмат дар радифи дигар манфиатҳои ҳарду мамлакат басо ҷолибу илҳомбахш буд ва дар ин замина мисраҳоеро иншо кардем.

ДӮСТӢ

Дӯстии Ҷомию ҳазрат Навоӣ зинда бод,

Ишқи дерини ниёгон боз ҳам поянда бод.

Рӯҳи ҳарду аз ҳамин рафтори миллатҳои мо,

Бо гузашти асру солҳо боз ҳам фархунда бод.

 

Тоҷику ӯзбек замоне ҳасрати дидор дошт,

Ошиқе дар роҳи маъшуқ чашми чор дошт.

Дар гузашта ин ду миллат кӯчаву бозор дошт,

Рағбате андар миёни дӯстон поянда бод.

 

Дар ҳақи ҳамсоягӣ бояд мурувватҳо кунӣ,

Кинаҳоро дур созӣ, шодиро афзун кунӣ.

Зиндагӣ гоҳе ба шоду ҳам ба домони ғам аст,

Дар сарои зиндагӣ  бояд, ки дӯстӣ парварӣ.

 

Ҷовидон бод дӯстӣ андар миёни кишварон,

Расми дӯстӣ зинда бодо дар миёни Роҳбарон.

Тоҷикистон, Ӯзбекистон хуш бувад ҳамсоягӣ,

Дӯстии ҳарду миллат то абад монад қавӣ.

 

Душмани бадбину бадхоҳи шумоён кӯр бод,

Қалбҳои фитнапарвар аз миёнҳо дур бод.

Бо яди Эмомалию Шавкати олимақом,

Созу оҳанги ду кишвар боз бо ҳам ҷӯр бод.

 

Мо барои дӯст будан шодмонӣ мекунем,

Роҳи дӯстиро ба дида гулшинонӣ мекунем.

Аҳди мо ҳамсоягӣ буд, қавли мо созандагӣ,

Мо дигар бо «Шоми дӯстӣ» комронӣ мекунем.

Саидвоҳиди ҚОСИМ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *