ГӮШТИНИ НАВРӮЗӢ
Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла, гӯштин ва паҳлавонӣ яке аз суннатҳои наврӯзӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвари азизамон–Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иди байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд. Дар баробари таҷлил аз иди бостонӣ мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ–гӯштингирӣ доир карда шуд. Мусобиқаи варзишӣ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ноҳия якҷо бо мактаби варзишии ноҳия роҳандозӣ гардид.
Сабқатҳо дар майдони хурди футболи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон–маркази ноҳия баргузор шуданд.
Паҳлавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин гӯштини наврӯзӣ дар вазнҳои мухталиф ҳунарнамоӣ карда, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.


