ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 22-юми марти соли 2026 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ–шаҳраки Меҳрон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷиддин Насриддинов, масъулину фаъолон ва пиру барнои ноҳия гирди ҳам омада буданд.

Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва бузурги миллати мо буда, ин ҷашн бо фалсафаи хоси худ, ки василаи рафоқату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию сарҷамъи ва пайки омадани баҳори нозанину гул-гулшукуфоии табиат дониста мешавад, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла, дар Тоҷикистони азизи бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар радифи дигар сокинони мамлкат ин Иди бостониро басо ҷолибу хотирмон ҷашн гирифтанд.

Фазои шаҳраки Меҳрон идона ба назар мерасид. Пиру барно аз ҷамоату деҳоти ноҳия ҷамъ омада буданд. Саҳни баргузории чорабинӣ дар назди бинои МИҲД-и ноҳия ҷолибу диданӣ ороста шуда буд. Сокинони ноҳия дар саҳни чорабинӣ хони наврӯзии хешро тибқи урфу одат ва суннатҳои хоси ин иди бостонӣ густурда буданд. Ҳамчунин, дар гӯшае маҳсули дасти ҳунармандону кишоварзони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Нахуст Раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандон ва маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошташуда, инчунин, аз дастархони идонаи сокинон дидан карда, ба дастранҷи ҳунармандону деҳқонон ва хони густурдаи сокинон баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинии идона Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ аз таърихи Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии миллати тоҷик ёдовар шуда,  қайд кард, ки моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Ин ҷашни фархунда ба қавли хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят менамояд. Бояд гуфт, ки дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст, гуфт мавсуф.

Сипас, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода ба сухан баромада, Паёми табрикотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ироа кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро бахшида ба иди Наврӯз ба самъи ҳозирин расонид.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои фаъолияти хубу арзанда чанде аз собиқадорони соҳаҳои гуногун, фаъолон ва ҳунармандони ноҳия бо сипоснома ва мукофотҳои идона қадрдонӣ шуданд.

Чорабинии фарҳанги имсола бахшида ба иди Наврӯз хотирмон сурат гирифт. Зеро, имсол ба хотири болида гардонидани рӯҳияи идонаи сокинони ноҳия сарояндаи ҷавону умедбахш Нозияи Назирзода бо дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия баромад карда, бо рақсу сурудҳои ҷолибашон ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.

Инчунин, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишии миллии гӯштингирӣ доир карда шуд. Ин мусобиқа дар маркази ноҳия басо ҷолибу диданӣ то дервақт идома кард ва ғолибони сабқатҳо бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

                                                                                Саидвоҳиди Қосим

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *