НАВРӮЗ — ПАЁМИ БАҲОР ВА МЕРОСИ ҶОВИДОНАИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Бо фарорасии фасли баҳор табиат гӯё аз нав эҳё мегардад: баргҳои сабз мешукуфанд, замин либоси тозаи ҳаёт ба бар мекунад ва олами ҳастӣ бо нафаси гарми офтоб ҷон мегирад. Дар ҳамин айёми фараҳбахш яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарият — Наврӯз фаро мерасад.
Наврӯз на танҳо оғози фасли баҳор, балки рамзи эҳёи табиат, покии рӯҳу андеша ва оғози зиндагии нав мебошад. Ин ҷашни бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон арҷгузорӣ шуда, то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Таърихи пайдоиши Наврӯз
Бисёр муҳаққиқон бар он назаранд, ки таърихи Наврӯз беш аз се ҳазор солро дар бар мегирад. Дар сарчашмаҳои қадима, аз ҷумла китоби муқаддаси зардуштиён —Авесто ба фасли баҳор ва оғози соли нав аҳамияти хос дода шудааст. Дар ин сарчашма табиат ҳамчун рамзи покизагӣ ва навшавии зиндагӣ ситоиш мегардад.
Тибқи ривоятҳои бостонӣ, пайдоиши Наврӯз ба номи подшоҳи афсонавии сулолаи пешдодиён —Ҷамшед вобаста аст. Мегӯянд, ки Ҷамшед дар ҳамин рӯз бар тахти шоҳӣ нишаста, мардумро ба адолат ва зиндагии нек даъват намуд. Аз он замон ин рӯзро «Наврӯз», яъне рӯзи нав номиданд.
Наврӯз дар осори донишмандон ва муаррихон
Дар тӯли таърих бисёр донишмандон ва муаррихон дар бораи Наврӯз маълумоти арзишманд навиштаанд. Яке аз онҳо донишманди барҷастаи асрҳои миёна —Абурайҳони Берунӣ
мебошад. Ӯ дар асари машҳури худ Осор-ул-боқия таърихи Наврӯз, расму ойинҳо ва аҳамияти фарҳангии онро муфассал шарҳ додааст. Наврӯз инчунин дар адабиёти классикии форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ дар асари ҷовидонаи худ «Шоҳнома» аз Наврӯз ҳамчун ҷашни фархунда ва рӯзи саодати мардум ёд мекунад.
Ҳамчунин шоирони бузурги адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Умар Хайём ваҲофизи Шерозӣ дар ашъори худ Наврӯзро рамзи баҳор, муҳаббат ва эҳёи зиндагӣ тасвир намудаанд.
Расму ойинҳои қадимии Наврӯз
Наврӯз дорои расму ойинҳои гуногун мебошад, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзии хос доранд. Пеш аз фаро расидани ид мардум хонаҳоро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва дастархони идона меороянд.
Яке аз ойинҳои маъмули Наврӯз тайёр кардани таоми анъанавии суманак мебошад. Суманак рамзи баракат, фаровонӣ ва зиндагии нав ба ҳисоб меравад.
Дар рӯзҳои Наврӯз инчунин баргузор кардани бозиҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ, рақсу суруд ва мулоқотҳои дӯстона анъанаи дерина дорад.
Наврӯз — ҷашни байналмилалӣ
Имрӯз Наврӯз аз ҳудуди як миллат берун рафта, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин ҷашни бостонӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон,Афғонистон, Ӯзбекистон ва чандин кишварҳои дигар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Бо назардошти аҳамияти фарҳангии он, соли 2010 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ҳамчунин соли 2009 ин ҷашни куҳан аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки ҷашни эҳёи арзишҳои инсонӣ мебошад. Ин ҷашн инсонро ба покизагӣ, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ даъват мекунад.
Фалсафаи Наврӯз дар он ифода меёбад, ки инсон бояд мисли табиат ҳамеша нав шавад: аз кинаву адоват дурӣ ҷӯяд, ба зиндагӣ бо нияти нек қадам гузорад ва барои ободии ҷомеа саҳм гузорад.
Бо гузашти ҳазорсолаҳо Наврӯз арзиш ва шукӯҳи худро аз даст надода, баръакс ҳамчун рамзи тамаддуни куҳани ориёӣ ва фарҳанги волои инсонӣ бештар маъруф гардидааст. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ мардумони гуногуни ҷаҳонро ба сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад.
Наврӯз паёми баҳор, эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав аст. Пас бигзор ҳар Наврӯз барои ҳар як инсон паёми умед, саодат ва зиндагии пурсафо оварад!
Рустамҷони Абдуллоҳ омӯзгор

