ҶАШНИ ПИРӮЗИВУ НАВРӮЗӢ Табрикоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни соли нави аҷдодиамон–Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол–баҳор самимона табрик мегӯям.

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қавли хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят менамояд.

Бояд гуфт, ки дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидони илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму оинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон дуруст таъкид намудаанд, ки: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст».

Мехоҳам таъкид намоям, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он ба табиат ва инсон, пайванди он бо суннату андешаҳо ва расму оинҳои миллӣ мебошад.

Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардонад.

Замин қабои сабз ба бар менамояд, мардуми деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастархони мардум ба замин дона мепошад. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардуми деҳқон, давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад. Ин аст, ки марди деҳқон омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад.

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла, мо, тоҷикон, ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пӯди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Ифтихори мо ҳаст, ки ҷашни Наврӯз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.

Мо бояд бо дарназардошти шароити замона анъанаҳои неки гузаштагони худ–сарфаю сариштакориро риоя намоем, ба зиёдаравӣ, исрофкорӣ роҳ надиҳем, ба хотири ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани диёру Ватани азизамон талош намоем.

Бори дигар фарорасии ҷашни Наврӯзи Аҷамро ба тамоми мардуми сарбаланди ноҳия самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия хайру баракат, оромиву осудагӣ, сулҳу суботи комил, файзу баракати рӯзгорро орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *