НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ – ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН
Наврӯз яке аз қадимтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои фарҳангии башарият ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, навшавии зиндагӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ мебошад. Бо фарорасии Наврӯз замин сабз мегардад, дарахтон гул мекунанд ва табиат аз нав ҷони тоза мегирад. Ҳамин тавр, дар қалби инсонҳо низ эҳсоси умед, шодӣ ва некбинӣ бедор мешавад. Ҳамзамон ин ҷашни зебо рамзи эҳёи табиат мебошад .Зеро оғози фасли баҳор, навшавии зиндагӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ мебошад. Албатта Наврӯз ҳар сол дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз, тақрибан 21 март, таҷлил мегардад. Ин ҷашн мардумро ба некӣ, дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, хештаншиносӣ ватан дӯстӣ даъват мекунад.
Оре барои мардуми Тоҷикистон Наврӯз танҳо як ҷашни мавсимӣ нест, балки рамзи фарҳанг, ҳувияти миллӣ ва мероси гаронбаҳои таърихӣ мебошад. Наврӯз мардумро ба дӯстӣ, меҳрубонӣ, покӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Маҳз ҳамин арзишҳои волои маънавӣ боис гардидаанд, ки Наврӯз то имрӯз дар зиндагии мардум ҷойгоҳи махсус дошта бошад.Бояд гуфт ки,имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни миллии тоҷикон, балки ҷашни байналмилалӣ низ мебошад. Он мардумони гуногуни ҷаҳонро муттаҳид намуда, онҳоро ба сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Таърихи пайдоиши Наврӯз
Таърихи Наврӯз ба ҳазорсолаҳои хеле дур мерасад. Бисёре аз муҳаққиқон бар онанд, ки ин ҷашн ҳанӯз дар давраи тамаддуни ориёӣ пайдо шудааст. Наврӯз бо баробаршавии шабу рӯз дар оғози баҳор вобаста буда, аз замонҳои қадим ҳамчун оғози соли нав ҷашн гирифта мешуд.
Дар ривоятҳои таърихӣ ва афсонаҳои қадима пайдоиши Наврӯзро ба номи шоҳи афсонавӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар замони ҳукмронии ӯ мардум рӯзи аввали баҳорро ҳамчун рӯзи нав ва оғози зиндагии тоза ҷашн гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин ҷашн ба анъанаи устувор табдил ёфта, аз насл ба насл гузаштааст.
Наврӯз дар осори адабии классикӣ низ мавқеи муҳим дорад. Шоирон ва донишмандони бузург дар асарҳои худ ин ҷашни зеборо ситоиш намудаанд. Аз ҷумла шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури худ Шоҳнома Наврӯзро ҳамчун рамзи пирӯзӣ, шодӣ ва оғози зиндагии нав тасвир намудааст.Ҳамчунин дар осори бисёр адибони форсизабон Наврӯз ҳамчун ҷашни шодӣ, эҳё ва шукуфоии табиат тасвир шудааст. Ин далел нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни мардумӣ, балки як қисми муҳими фарҳанги адабӣ ва маънавии халқҳои форсизабон мебошад.
Наврӯз ва фарҳанги миллии тоҷикон
Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик мавқеи хеле муҳим дорад. Аз замонҳои қадим то имрӯз ин ҷашн ҳамчун рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардум таҷлил карда мешавад. Маҳз мардуми тоҷик ба ин ҷашн бо эҳтироми зиёд муносибат мекунанд. Пеш аз фарорасии Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, ки ин амал рамзи покӣ ва оғози зиндагии нав мебошад. Ҳамчунин мардум либосҳои нав мепӯшанд ва бо чеҳраи кушод ба якдигар табрик мегӯянд.
Дар рӯзҳои Наврӯз одамон ба аёдати падару модар, хешу табор ва дӯстони худ мераванд. Онҳо аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар шуда, ба ҳамдигар орзуҳои нек мекунанд. Ин амалҳо рамзи эҳтиром ва меҳрубонӣ мебошанд.
Наврӯз инчунин барои таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва дӯстии мардум нақши муҳим мебозад. Дар ин рӯзҳо одамон кинаву адоватро фаромӯш карда, ба ҳамдигар бо муҳаббат муносибат мекунанд.
Наврӯз дар даврони истиқлол
Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Наврӯз низ ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати бештар таҷлил карда мешавад.Дар эҳё ва рушди анъанаҳои Наврӯз нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим мебошад. Бо ташаббуси ӯ Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Бо дастгирии чандин кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Ҳамчунин ин ҷашни бостонӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шудааст.Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни як миллат, балки ҷузъи муҳими фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.
Расму ойинҳои Наврӯз
Наврӯз дорои расму ойинҳои гуногун ва хеле пурмазмун мебошад. Яке аз анъанаҳои муҳим оростани дастархони идона мебошад. Дар ин дастархон одатан ҳафтсин ё ҳафтшин гузошта мешавад. Ин рамзҳо маънои махсус доранд ва фаровонӣ, саломатӣ ва хушбахтиро ифода мекунанд.Яке аз анъанаҳои машҳури Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандум омода гардида, рамзи баракат ва фаровонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми пухтани суманак занон суруд хонда, бо ҳамдигар шодӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба корҳои ободонӣ машғул мешаванд. Шинонидани дарахтон, тоза кардани кӯчаҳо ва нигоҳубини муҳити зист аз ҷумлаи чунин амалҳо мебошанд.Ин расму ойинҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз мардумро ба меҳнат, покӣ ва эҳтироми табиат даъват мекунад.
Бозиҳо ва чорабиниҳои идона
Дар рӯзҳои Наврӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Консертҳои идона, намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои театрӣ ба ин ҷашн ҳусни тоза мебахшанд.Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои миллӣ баргузор мешаванд. Гуштингирӣ, аспдавонӣ ва дигар мусобиқаҳои мардумӣ аз ҷумлаи чунин анъанаҳо мебошанд.Ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои фароғати мардум, балки барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими дӯстии мардум аҳамияти калон дорад
Наврӯз – ҷашни сулҳ ва дӯстӣ
Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни сулҳ ва дӯстӣ мебошад. Ин ҷашн мардумони гуногуни ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Дар ин рӯзҳо одамон ба якдигар орзуҳои нек мекунанд ва барои зиндагии беҳтар талош менамоянд.Арзишҳои ахлоқии Наврӯз – меҳрубонӣ, эҳтиром, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ – барои ҷомеаи инсонӣ аҳамияти бузург доранд. Маҳз ҳамин арзишҳо Наврӯзро ба яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ҷаҳонӣ табдил додаанд.Наврӯз инчунин инсонро ба эҳтироми табиат даъват мекунад. Ин ҷашн ба мардум ёдрас мекунад, ки инсон бояд бо табиат дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад.
Хулоса:
Наврӯзи хуҷастапай яке аз қадимтарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият ба шумор меравад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, навшавии зиндагӣ ва пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Бо фарорасии Наврӯз табиат зинда мегардад, замин сабз мепӯшад ва дар дили инсонҳо низ ҳисси умед, шодӣ ва некбинӣ пайдо мешавад.
Наврӯз танҳо ҷашни як миллат нест, балки ҷашни дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Бо ташаббуси чанд кишвар ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, аз тарафи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид шудааст.
Дар муаррифӣ ва эҳёи арзишҳои Наврӯз нақши Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ хеле бузург аст. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон пазируфта шудааст.
Ҳамин тавр, Наврӯзи хуҷастапай на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни арзишҳои волои инсонӣ мебошад. Он мардумро ба некӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ даъват мекунад. Нигоҳдорӣ ва гиромидошти ин ҷашни бостонӣ вазифаи ҳар як инсон аст, то ин мероси гаронбаҳои фарҳангӣ барои наслҳои оянда низ боқӣ монад..
НАВРӮЗ
Наврӯз расиду бар ҷаҳон нур овард,
Бо хандаи сабза бар ҷаҳон нур овард.
Бин боди насим бӯса занон бар гулзор,
Бар мардуми мо муждаи Наврӯз овард.
Гулҳои умед ба файзи Наврӯз шукуфт,
Ёд аз шукӯҳи асли ниёгон овард.
Сармо бинигар асо-занон рафт зи дайр,
Гарм-бода ба меҳр муждаи Наврӯз овард.
Наврӯзи кӯҳан мероси аҷдоди ман аст.
Мероси наҷибу меҳри аҷдоди ман аст.
Мероси маро аҳли ҷаҳон кард қабул,
Бо меҳру муҳаббату ба кошонаи гул.
Андар бари мо аҳли ҷаҳон гиранд ҷашн,
Наврӯзи аҷамро ба ҳама расму русум.
Созандагиҳо саросари кишвари мо,
Бо азми қавӣ бо роҳбарии Пешво,
Омода ҳама бо шодию бар иқбол,
Бар ҷашни сурурӣ хеш бар Истиқлол.
Аз Ваҳдати мо аҳли ҷаҳон ҳайрон шуд,
Аз ғайрати мо душмани мо сарсон шуд.
Бошад ки баҳори мо шукуфон бошад,
Наврӯз ҳамеша бо гулафшон бошад.
Бар хони ҳама муждаи нек ояду бас,
Наврӯзӣ ба ҷаҳони мо муборак бошад!
Навруз
Наврӯз, чароғу оташафрузӣ дод,
Бар аҳли башар дарси худомузӣ дод.
Монанди баҳор дар набарди даймоҳ,
Наврӯз ба мо шодию фирӯзӣ дод.
Зангӯлаи сарсабзии моро Сада зад,
Бингар ки ба мо баҳор наврузӣ дод.
Бо ҷаҳд кунун раҳбари халқи тоҷик,
Бар миллати худ шукуҳи пирӯзӣ дод.
Деҳқон ба замин донаи уммед бикишт,
Аз файз нигар замин ба ӯ рӯзӣ дод.
Наврӯз ба мо зи давраи Ҷамшед аст,
Наврӯз ба мо баробари Хуршед аст.
Ин чашни ниёи хеш дорем азиз
Наврӯз барои мо натанҳо ид аст.
Сини нави ӯ саодати инсонҳост
Наврӯз барои халқи мо уммед аст.
Хушмаҳмадзода Саминахон
Иштирокчи ва ғолиби озмуни «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст «

