ҶАШНИ САРҶАМЪӢ ВА ДӮСТӢ
Ҷашни байналмилалии Наврӯз рамзи сулҳу ваҳдат, сарҷамъӣ ва дӯстии байни халқҳо буда, мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, некӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ ҳидоят менамояд.
Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба ҳам наздик сохта, рӯҳияи ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба зиндагиро таҳким мебахшад.
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз санаи 26-уми марти соли 2026 дар деҳаи Оббурдон, Ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши идона Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода сокинони деҳаи Оббурдонро ба муносибати фарорасии иди Наврӯз самимона табрик намуда, зикр кард, ки таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт.
Таъкид шуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем, зеро Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб рафта, мардумро ба корҳои созандагӣ, ободонӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят менамояд. Ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамчунин, дар идомаи суханронӣ аз ҳар як бошандагони маҳал даъват ба амал овард, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманди худро гузошта, баҳри ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон–Тоҷикистон ва диёри худ бо масъулияти баланд кор баранд ва ободиро аз хонаву дари худ оғоз намуда, ҳамеша дар пешрафти ҷомеа кору фаъолият баранд.
Дар ин рӯз ба якчанд фаъолони деҳа барои саҳми арзишманд гузоштанашон дар корҳои ободонию созандагӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тақдим шуд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ бозиҳои миллии наврӯзӣ, намоиши анъанаҳои мардумӣ, дастовардҳои ҳунармандон ва таомҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда, фазои идонаро боз ҳам рангин гардониданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо фарогирии тамоми анъанаҳои миллии наврӯзӣ табъи ширкатдорони чорабинии идонаро болида намуд.
Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ натанҳо як чорабинии идона, балки таҷассумгари ваҳдат, худшиносӣ ва эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳар як деҳаи ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва риояи эҳёи анъанаҳои миллӣ баргузор мегардад.


