ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТҶАМЪОНА МЕБОШАД
Санаи 12.03.2026 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷаласаи кормандони шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло, нозир оид ба муқовимат ба коррупсияи шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, Шамсуллозода Кароматулло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини якуми раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъона буда аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст талаб карда мешавад, ки баҳри аз байн бурдани ҳама гуна амалҳои зишти номатлуб махсусан ҳолатҳои корупсионӣ мубориза барад.Ҳадаф аз баргузории мулоқоту вохӯриҳо бори дигар ба самъи мардум расонидани оқибатҳои хатарзо ва барои ҷомеа хавфнок мебошад.Сипас Шамсуллозода Кароматулло нозир оид ба муқовимат ба коррупсияи шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, зимни суханронӣ оиди рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2026 таҳти рақами 1146 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд» ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1990-2008″ дар моҳҳои апрел-майи сол. 2026
Оиди рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 юми августи соли 2021 таҳти рақами 222 «Дар бораи стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 » Қоуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7уми августи соли 2020 таҳти рақами 1714 «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва оиди сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳо баромад намуда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки масъулину фаъолони ноҳия дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, риояи ҳатмии қонунҳо корбари намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон содиқона ва софдилона корбари менамоянд.


