ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Бо камоли эҳтиром кулли кормандони прокуратураи ноҳияро ба ифтихори ҷашни касбӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сидқан  табрику таҳният гуфта ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд, яъне ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад, комёбиҳо орзумандам.

Санаи 14 — уми март ҳамасола дар саросари кишвар Иди касбии кормандони мақомоти прокуратура ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ буда, фаъолияти он баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ва давлат равона гардида, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Бо ин мақсад прокуратура дар асоси Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси

дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар доираи ваколати худ татбиқ менамояд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем Мақомоти прокуратура чун дигар ниҳоду сохторҳои қудратӣ ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлоли Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро дар шароите ба роҳ монда буд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа давраи вазнинро аз сар мегузаронид.

Новобаста аз ин, дар чунин вазъияти душвору муташанниҷ кормандони мақомоти прокуратураи кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Муҳтарам эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мустаҳкам намудани қонуният, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, ҳамзамон дар барқарор сохтани сохти конститутсионӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Гардиши куллӣ дар танзими фаъолияти мақомоти прокуратура ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба ҳисоб рафта, боби 9-уми он аз моддаи 93 то моддаи 97 ба мақомоти прокуратура бахшида шудааст. Дар баробари ин, бояд махсус зикр намуд, ки на дар ҳамаи Конститутсияҳои кишварҳои ИДМ боби алоҳида барои мақомоти прокуратура ҷудо карда шудааст, ки ин ҳолат низ худ аз нақш ва обруву нуфузи мақомоти прокуратура дар  кишвари мо дарак медиҳад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон таъкид намуданд, ки: “Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият таалуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.” Дар замони ҳозира прокуратура ҳамчун мақомоти ягона оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дошта, дар баробари ин ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии он ва таъмини тартиботи ҳуқуқи амалӣ месозад. Қобили зикр

аст, ки мақомоти прокуратура дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дорои мавқею мақоми хоса буда, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи қонуният, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориҳо, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои халқу давлат, таъмини амният ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад, ки кормандони соҳа ин рисолати муқаддаси хешро дар сатҳи баланд ва ифтихормандона ба иҷро расонида истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хизматҳои содиқонаву софдилона ва фаъолияти шабонарӯзӣ, ҷасорат вамасъулиятшиносии кормандони мақомоти прокуратураро дар роҳи таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва пойдории қонуният ҳамчун намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат арзёбӣ менамояд. Боварии комил дорем, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд низ бо баланд  бардоштани сатҳи касбият, ҳисси баланди масъулият ва ҳамкории судманд бо ҷомеа дар роҳи татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи волоияти қонун фаъолияти худро боз ҳам пурмаҳсул идома хоҳанд дод.

Бо чунин таманиёт нек бори дигар ҳамаи кормандони соҳаи прокуратураро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, неруи тоза, иродаи қавӣ ва комёбиҳои назаррас дар фаъолияти пурмасъулиятатон таманно дорам.

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА МУБОРАК БОШАД!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *