МАТБУОТ ОИНАИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

— Таҷлили Рӯзи Матбуоти тоҷик дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Санаи 11-уми марти соли 2026 бахшида ба 114-солагии Матбуоти тоҷик дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҷӯраев Аъзамҷон, рӯзноманигорон, аҳли қалам ва фаъолонаи ноҳия ширкат доштанд.

Нахуст Бобозода Хайрулло аҳли қалами ноҳияро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда иброз дошт, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма рушду такомул ёфта, барои фаъолияти озоду созандаи рӯзноманигорон фазои мусоид фароҳам гардидааст. Имрӯз воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки ҷомеа ба иттилооти дақиқу боэътимод ниёз дорад, фаъолияти рӯзноманигорон аҳамияти боз ҳам бештар касб менамояд. Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия аз рӯзноманигорон ва аҳли адаби ноҳия даъват ба амал овард, ки бо инъикоси воқеъбинона ва пешниҳоди маводҳои ҷолиб дар самти дастовардҳои ноҳия оид ба рафти корҳои ободонию созандагӣ саҳми хешро гузоранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳия бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳар сол 11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад. Нахустшумораи “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912, дар матбааи Бухорои Нав бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, публитсист Мирзо Сироҷиддин Ҳаким чоп шуд. Чун аз чопи нахустин шумораи «Бухори шариф» ва таъсисёбии мактаби рӯзноманигории тоҷик 114 сол сипарӣ гаштааст, Маҳз ҳамин рӯз оғози матбуоти тоҷикро ҳамчун падидаи фарҳангиву иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад.

«Бухорои шариф» на танҳо як рӯзнома, балки минбари маърифату бедории миллӣ буд. Дар шароите ки ҷомеаи онрӯзаи тоҷикон ба илму маърифат ва худшиносӣ ниёз дошт, ин нашрия бо ҷасорати фикрӣ ва рӯҳияи навгароӣ мардумро ба омӯзиш, фарҳангдӯстӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ даъват менамуд. Дар саҳифаҳои он масъалаҳои маориф, ахлоқ, фарҳанг ва сиёсат бо диди тоза матраҳ мешуданд.

Рӯзномаи маҳаллии «Паёми Кӯҳистон » низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, аз оғози таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки имсол 30 сол сипари мегардад ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ , пешрафти давлату миллати хеш саҳм гузошта рисолати касбии худро дар таҳкими давлатдорӣ, созандагию ободонӣ ва сарсабзии миллат бо амри дилу виҷдон адо намуда тайи даҳсолаҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома такмил ёфт. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда кормандони нашрия тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки рӯзнома мунтазам дастраси хонандагон гардад. Масъалаҳои умдатарини рӯз: меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзуъҳои ҳамешагии рӯзнома ба ҳисоб мераванд.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *