ДАСТОВАРДИ НАВБАТИ МУБОРАК МУҲТАРАМ РАИС

Санаи 12 уми январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2025 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин рӯз чанде аз кормандону собиқадорони соҳаҳои мухталиф барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Боиси ифтихору сарфарози сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст, ки Раиси ноҳия муҳтарам Хайрулло Бобозода барои хизматҳои арзандаашон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии як гӯшаи ватани азизамон, дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи вилояти Суғд бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Ин дастоварди арзанда барои ҳамаи сокинон ва фаъолони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боиси ифтихор ва сарфарозӣ буда ҳамаи пешрафту ободонии ноҳия маҳз бо ташаббусҳои созандаи роҳбари ҷавону кордон даҳҳо иншоотҳои наву замонави бунёд гардида истодаанд. Сокинони шарафмандӣ ноҳия ин дастовардро ба раиси ноҳия муборакбод гуфта дастовардҳову муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *