НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ САРМАШҚИ КОРИ ХУД ҚАРОР МЕДИҲЕМ

Дар доираи нақшаи муштараки чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо дар ҳар як деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия бахусус байни занону ҷавонон, бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳуурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид, баргузории сӯҳбату мулоқот бо аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад имрӯз санаи 13 уми январи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, деҳаи Оббурдон вохӯрии гуруҳи кори бо иштироки Сардори ШВКДҶТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ниёззода Саидмақсуд ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию стратегӣ самтҳои асосии рушди мамлакатро муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа роҳнамои фаъолияти минбаъда маҳсуб мешавад. Таъкид гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ин санади муҳим пешниҳодшуда муҳим ва саривақтӣ буда, омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон мебошад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил зиндагӣ мекунанд ва ин неъматро махсусан ҷавонон бояд қадр намоянд. Ҷавонон бояд ба Ватан содиқ бошанд, масъулияти ояндаи миллату давлатро аз имрӯз эҳсос намоянд, донишу малакаи замонавӣ омӯзанд ва дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Ҳамчунин омӯзгорон таъкид карда шуданд, ки ба донишҳои муосир, технологияҳои нав ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамчунин дар идома аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки соли 2026 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина бояд ҳар як сокини ноҳия бо заҳмату талошҳои пайваста дар ободонии Ватан саҳми арзанда гузорад.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ сардори ШВКДҶТ дар ноҳия Ниёззода Саидмақсуд оид ба масъалаҳои амният, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, тақвияти корҳои профилактикӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати содиқонаи ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронда таъкид дошт, ки Зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон талаботи замон аст. Бетарафӣ нисбат ба масъалаҳои ҷомеа метавонад ба амният ва оромии мамлакат таъсир расонад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ба таҳкими суботу амният мусоидат менамояд.

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *